Дуализм чист?

0

# Савол

Дуализм чист? Бо забони тоҷикӣ / точики.

# Ҷавоб

Дуализм (аз лот., dualis – духела, дугона) – кӯшиши бартараф кардани идеализм ва материализм дар фалсафа мебошад, ки ҷавҳарҳои моддӣ ва маънавӣ (рӯҳ ва материя)-ро ибтидоҳои баробарҳуқуқ меҳисобад. Намунаи классикии дуализм – таълимоти фалсафии Р.Декарт. Мувофиқи ақидаи ӯ, олами офаридашударо ду ҷавҳари ба ҳамдигар таалуқ надошта (моддӣ ва маънавӣ) ташкил додаанд.Ҷавҳари маънавӣ тақсимнопазир ва абадӣ мебошад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)