# Савол
Абулвалид Муҳаммад ибни Рушд кист? Абулвалид Мухаммад ибни Рушд кист?
# Ҷавоб
Абулвалид Муҳаммад ибни Рушд (1126-1198) аз барҷастатарин файласуфони машшоии араб ҳисоб мешавад, ки дар шаҳри Курдоби Испониё ба дунё омадааст. Вай дар ҷавони илоҳиёт, фиқҳ, адабиёти араб, фалсафа ва тибро омeхт. Ибни Рушд соли 1153 ба Марокаш рафта, мадраса таъсис кард. Солҳои 1168-1171 қозии Севил, солҳои 1171-1182 қозиюлқузоти Курдоб, 1182-1194 табиби дарбор буд. Соли 1195 барои озодандешӣ ба ғазаби амир Абуюсуф дучор шуда, худашро ҳабс карда китобҳояшро сӯзонданд.
