Дониш чист? Таърифи дониш

0

# Савол

Дониш чист? Таърифи дониш аз фанни информатика.

# Ҷавоб

Инсон иттилооти мавҷударо оид ба ашёи мушаххас дар шакли дониши нав мунтазам дар майнаи сари худ ба як тартиби муайян (низом) меорад. Донише, ки оид ба ягон ашё тавассути иттилооти дақиқ дастрас шудааст, метавонад дар ҳалли масъалаи дилхоҳи ба он ашё дахлдошта истифода шавад. Дониш ба одамон имкон медиҳад, ки фаъолияти худро дуруст ва самаранок ташкил кунанд.

Дониш чист? Дониш шакли мавҷудият ва танзимноки натиҷаҳои фаъолияти маърифатӣ ва зеҳни инсон мебошад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст