Дар бораи шиа (ташайюъ, шиъаҳо) маълумот диҳед

0

# Савол

Дар бораи шиа (ташайюъ, шиаҳо) маълумот диҳед.

# Ҷавоб

Шиаи имомияи исноашария фирқае аст, ки хилофатро ҳаққи Алӣ (р) дониста, хилофати Абӯбакр (р), Умар (р) ва Усмон (р)-ро инкор мекунанд.

Қоил ба 12 имоманд, ки охири онҳо назар ба пиндори онҳо дар сардобе дар Сомарро дохил гардидааст.

Аз ҳама ақидаи муҳим дар назди шиаҳо имомат аст ва онҳо  имоматро яке аз усули дин медонанд.  Онҳо эътиқод доранд, ки имомат аз ҷониби Худованд ба забони Паёмбар (с) собит шудааст ва он ихтиёрӣ ва интихобӣ нест. Онҳо эътиқод доранд, ки бояд имом монанди паёмбарон маъсум бошад. Аз нигоҳи онҳо имомат аз нубувват афзал аст.

Покдомании модари муъминон Оиша (р)-ро қабул надоранд, никоҳи мутъа (никоҳи муваққатӣ, зангирӣ барои муддати муайян)-ро дуруст дониста, ҳатто онро ибодат мешуморанд.

Тақияро аз усули дин медонанд ва касе онро тарк намояд, гӯё намозро тарк кардааст. (Тақия ақидаи ҳақиқии худро пинҳон карда ба ақидаи замон ва маҳал ҳамроҳ шудан, ба қавле маънои “Дурӯғ гуфтан ҷоиз”-ро дорад, масалан мазҳаби худро пинҳон доштан).

Хилофати се халифаи аввалро қабул надоранд ва саҳобагонро ба ҷуз чанд нафарашон дашном медиҳанд. Онҳо дар афкор ва орои хеш муқобили аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд. Дар пайи он ҳастанд, ки мазҳабашон дар тамоми ҷаҳони Ислом интишор ёбад.

Шӯрои уламо (613)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)