Таблиғ барои пешрафти сомона
# Савол
Ҳокимият ба кадом рукнҳо (қисмҳо) тақсим мешавад?
# Ҷавоб
Дар давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи (қисмати) ҳокимият вуҷуд дорад: Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ.
Ҳокимияти қонунгузор – мақомоте, ки қонун таҳия ва қабул мекунад. Дар ҶТ Ҳокимияти қонунгузор – Маҷлиси Олӣ буда, халқ бо воситаи намояндагонаш дар таҳияву қабули қонунҳо иштирок мекунад.
Хокимияти иҷроия – раиси он президенти ҷумҳурӣ буда, ба он ҳукумат дохил мешавад.
Ҳокимияти судӣ – ба таркиби он суди конститутсионӣ, суди Олӣ, суди Олии иқтисодӣ ва суди ҳарбӣ дохил мешаванд.