Абумансури Дақиқӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Намунаи ашъори Дақиқӣ.

0

# Савол

Абумансури Дақиқӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Дақиқӣ.

Абумансури Дакики кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Дакики.

# Ҷавоб

Абӯмансур Муҳаммад бинни Аҳмади Дақиқӣ аз ҳамасрони номдори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бунёдгузори адабиёти форсии дарӣ буда, тахминан дар миёнаҳои нимаи аввали асри Х дар Балх ба дунё омадааст.

Тахминан соли 977-978 ӯро ба қатл расонидаанд.

# Намунаи ашъор

Шаби сиёҳ бад – он зулфакони ту монад,
Сапедрӯз ба покии рухони ту монад.

Ақиқро чу бисоянд нек судагарон,
Чу обдор бувад, бар лабони ту монад.

Ба бӯстони мулукон ҳазор гаштам беш,
Гули шукуфта ба рухсорагони ту монад.

Ду чашми оҳуву ду наргиси шукуфтабаҳор
Дурусту рост бад-он чашмакони ту монад.

Камони бобилиён дидаму тарозуи ту,
Ки баркашида шавад, ба абрувони ту монад.

Туро ба сарв, ба боло қиёс натвон кард,
Ки сарвро қаду боло бад-они ту монад.

Манбаъ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)