Педагогика чист? Мафҳуми педагогика, таърифи педагогика

0

# Савол

Педагогика чист? Мафхуми педагогика, таърифи педагогика

# Ҷавоб

Педагогика илмест барои тарбияи инсон.

Педагогика маънии худро аз вожаи юнонии «пайдагогос» («пайда» – атфол, кӯдак ва «гогос» – роҳнамо, баранда) гирифта, якҷоя маънои «роҳнамои атфол» – ро ифода мекунад.

Дар Юнони қадим ғуломонеро, ки аз дасти кӯдакони хуҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд ва он ғуломоне, ки ба кӯдакон савод, шиноварӣ, аспсаворӣ, шамшерзанӣ, гуштингирӣ ва ғайраҳоро меомӯзониданд, низ «пайдагогос» меномиданд.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст