Оё бидуни таҷвид Қуръон хондан ҷоиз аст? #10

0

Суоли шаръӣ – 10. Оё бидуни тачвид Куръон хондан чоиз аст?


Оё бидуни таҷвид Қуръон хондан ҷоиз аст?

Суол:

Ман каму беш Қуръон мехонам, вале бе (риояи аҳкоми) таҷвид. Оё ин гуноҳ аст? Мегӯянд, нахонед, ки гунаҳкор мешавед…

Ҷавоби мухтасар:

Набояд ба сабаби надонистани аҳкоми таҷвид ва риоя накардани он аз қуръонхонӣ боз истед. Хондан гиред ва айни замон барои омӯхтани талаффузи дурусти Қуръон кушиш кунед. Ин кори душворе нест, каме машқ мехоҳад ва ба мурури вақт забонатон одат хоҳад кард.

Ҷавоби муфассал:

Нахуст бояд донист, ки тиловат (хондан)-и Қуръон яке аз беҳтарин ва пураҷртарин ибодатҳоест, ки Худованд дар Қуръон Паёмбар (с) ва уммати Эшонро ба он амр намуда аст .

Фиристодаи Худо (с) низ дар аҳодиси худ моро ба он ташвиқу тарғиб намудаанд.

Хеле кутоҳии ҷиддӣ аст, ки шахси мусалмон бо ҳарфҳои арабӣ оншноӣ надошта бошаду Қуръонро хонда натавонад.

Бар марду зани мусалмон, сарфи назар дар кадом синну соланд зарур аст то барои омӯзиши ҳуруфи Қуръон саъю талош намоянд ва қуръонхон шаванд.

Худованд Азза ва Ҷалл фазлу бузургӣ ва самараи неки қуръонхониро дар сураи Фотир баён намуда фармуда аст:

إِنَّ الَّذِينَ يَتْلُونَ كِتَابَ اللَّهِ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَنفَقُوا مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ سِرّاً وَعَلَانِيَةً يَرْجُونَ تِجَارَةً لَّن تَبُورَ، لِيُوَفِّيَهُمْ أُجُورَهُمْ وَيَزِيدَهُم مِّن فَضْلِهِ إِنَّهُ غَفُورٌ شَكُورٌ (فاطر 29-30)

«Ба дурустӣ, касоне, ки китоби Худовандро тиловат мекунанд ва намоз барпо медоранду аз моле, ки ба онон ато кардаем, пинҳону ошкор дар роҳи Худо харҷ мекунанд, онон тиҷоратеро умед доранд, ки ҳаргиз касод намешавад. То Худованд (Азза ва Ҷалл) подоши аъмолашонро ба шакли пурра бидиҳад ва фазлашро ба онон афзун созад. (Фотир, 29)

Имом Табарӣ дар тафсири худ аз Қатода (р) оварда аст, ки чун имоми бузургвор Мутарриф ибни Абдуллоҳи Шиххир (р) ба ин оят мерасиданду онро мехонданд, мегуфтанд:

هذه آية القراء يوفيهم أجورهم ويزيدهم من فضله

“Ин ояи қориҳост (барои касонест, ки Қуръон мехонанд), Ӯ таъоло подоши ононро ба таври комил медиҳад ва фазлу инъомашро бар онон афзун месозад.”

Бале, онон тиҷорате доранд, ки касод надорад, зиён надорад.

Балки тиҷорати пешгирифтаи онон беҳтарин, бузургтарин ва пурдаромадтарин тиҷорат аст, зеро фоидаи он раисдан ба ризои Парвардигорашон ва ноил шудан ба биҳишти ҷовидон аст.

Пас инҷо мебинем, ки Худованд (Азза ва Ҷалл) се ибодати бузург, тиловати Қуръон, барпо доштани намоз, ва харҷи мол дар роҳи Худро зикр карда аст, ки дар ҷои аввал Ӯ Таъоло тиловати Қуръонро ҷой дода зикр намуда аст. Ин бузургӣ ва шарафи тиловати Қуръон ва савоби зиёд доштани ин ибодатро ифода менамояд.

Агар ба ҷуз ин оят, ҳеҷ ояту ҳадисе дар фазли тиловат намебуд, ин худ кофӣ буд, ки инсон дар ин ибодат пешсаф ва бомаҳорат бошад.

Паёмбар (с) дар ҳадиси саҳеҳи худ дар ин маврид фармудаанд:

من قرأ حرفًا من كتابِ اللهِ فله به حسنةٌ، والحسنةُ بعشرِ أمثالِها لا أقولُ (الـم) حرفٌ ولكنْ
(ألفٌ) حرفٌ و(لامٌ) حرفٌ و(ميمٌ) حرفٌ

“Ҳар ки як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш ҳасана (некӣ)- е навишта мешавад ва ҳар некӣ даҳ баробар савоб дорад. Ман намегӯям, ки “алиф лом мим”як ҳарф аст, балки “алиф” як ҳарфи алоҳида, инчунин “лом” ҳарфи алоҳида ва “мим” низ ҳарфи алоҳида аст.” (ривояти Тирмизӣ)

Яъне танҳо дар ин лафзи кутоҳ, ки иборат аз се ҳарф аст, хонанда си савоб ҳосил менамояд.

Инчунин, Паёмбар (с) дар ҳадиси дигаре, ки онро модарамон Оиша (р) ривоят карда аст, фармуданд:

الماهِرُ بالقرآنِ مع السفرَةِ الكرامِ البرَرَةِ ، والذي يقرؤُهُ ويتَعْتَعُ فيهِ وهو عليه شاقٌّ لَهُ أجرانِ

Ҳар ки дар хондану дар ҳифзи Қуръон моҳир аст (соҳибмаҳорат, ҳунарманд) аст, бо фариштагони неку пок ҳамнишин аст ва ҳар ки Қуръон мехонад ва дар хондани он душворӣ мекашад, барояш ду аҷр навишта мешавад.” (яке аҷри хондан ва дигаре аҷри заҳмат) (ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Бинобар ин, гарчи бо тартилу бо таҷвид хондани Қуръон воҷибӣ ҳатмӣ аст, вале бо таҷвид хондани Қуръон дараҷаҳо ва зинаҳои гуногун дорад, яке таҷвидаш беҳтару дигаре миёнаву савумӣ заиф асту дар пайи дуруст кардани тиловати худ аст.

Ва шахс рафту талоши кофӣ ба харҷ диҳаду омӯзаду машқ кунад, вале дар талаффузи ин ё он ҳарф камбудие дошта бошаду онро ба ҳеҷ ваҷҳ ислоҳ карда натавонад (онгуна, ки дар бархе пиронсолон дида мешавад) набояд ин монеи қуръонхонӣ гардад.

Балки Худованд аз чунин шахс ба андозаи тавонаш талаб мекунад ва барои ӯ иҷоза аст қуръонашро бихонад.

Бинобар ин, шахс мебояд дар хондани Қуръон худро рушд диҳад, забони худро дуруст намояд, вале айни замон аз одати хондани Қуръон ва аз вазифаи барои худ ҳамарӯза муқаррар кардааш даст накашад. Ҳам Қуръонашро хондан гирад ва ҳам таҷвид омузад.

Вақто мегӯем, шахс таҷвид омӯзад, ба ин маъно нест, ки ҳар фарде, ки мехоҳад Қуръон хонад бояд ҳама аҳкоми таҷвидиро аз бар намояд ва тафсилоти онро донад, на ин андоза шарт нест. Ҳаминки аҳкоми асосии таҷвидро донад, ва ҳарфҳоро ба шакли дуруст талафуз карда тавонад, кофӣ аст ва метавонад ҳар чи бештар Қуръон хонад.


Сарчашмаҳо:

  • Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ. Саҳеҳи Бухорӣ.
  • Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи нишопурӣ. Саҳеҳи Муслим.
  • Абуисои Тирмизӣ. Сунани Тирмизӣ.

Суоли 10, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 14.06.2022.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)