# Савол
Аломатхои (нишонахои) хукуки инсон кадомхоянд? Аломатҳои (нишонаҳои) ҳуқуқи инсон кадомҳоянд?
# Ҷавоб
Аломатҳои (нишонаҳои) ҳуқуқи инсон инҳоянд:
- ҳуқуқи инсон махсусияти табииро дорад ва бо лаҳзаи тавлиди кудак пайдо мешавад;
- ҳуқуқи инсон дар муносибатҳои байни шахс ва давлат пайдо мешавад;
- ҳуқуқи инсон дар меъёрҳои миллӣ ва байналхалқӣ мустаҳкам карда шудаанд;
- механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ба механизми дохилидавлатӣ (миллӣ) ва байналхалқӣ-ҳуқуқӣ ҷудо мешавад;
- ҳуқуқи инсон аз инсон ҷудонашаванда аст, махсусияти универсалиро дорад;
- ҳуқуқи инсон ҳамчун унсури мавҷудияти инсон аст ва бе он инсон вуҷудориаш мушкил аст.