Агар шахс тарафи қибларо ёфта натавонад, кадом тараф намоз хонад?

0

# Савол

Агар шахс дар ягон ҷое бошад, ки тарафи қибла муайян набошад, қибларо чӣ тавр муайян мекунад ва чигуна намоз мегузорад? Агар шахс тарафи кибларо ёфта натавонад, кадом тараф намоз хонад?

# Ҷавоб

Дар ин ҳолат аз ягон шахс самти қибларо мепурсад ё ба воситаи муайян кардани самти шимолу ҷануб ва ё ситораи қутб самти қибларо дарёфта, намоз мегузорад.

Дар замони кунунӣ бо пешрафти технология дарёфтани самти қибла ҳеҷ мушкиле надорад, зеро дар телефонҳои мобилӣ барномаҳои таъйини самти қибла ва фаро расидани вақти намозҳо вуҷуд дорад, шумо метавонед аз он истифода баред.

Агар ин имконият мавҷуд набошад, пас аз ҷустуҷӯи самти қибла ҳар тарафе, ки фикраш ба сӯи он майл дорад, рӯ оварда намозро мегузорад.

Шӯрои уламо (1613)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст