Агар шахсе занашро се талоқ кунад, боз гирад, мешавад?

0

# Савол

Агар шахсе занашро се талоқ кунад, боз гирад, мешавад? Се талок

# Ҷавоб

Касе, ки ҳамсарашро се талоқ кунад, аз нигоҳи чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат се талоқ воқеъ шуда, ҳамсараш бар ӯ ҳаром мегардад ва дигар наметавонад, ки бо ӯ якҷоя зиндагиро идома диҳад. Магар ин ки пас аз гузаштани идда ҳамсараш шавҳари дигар карда, бо ӯ зиндагӣ кунад.

Агар фаразан шавҳари дувумаш бимирад ё ӯро талоқ диҳад, пас дар ин ҳолат баъд аз гузаштани иддаи марг (чор моҳу даҳ рӯз) ё иддаи талоқ (се ҳайз ё се моҳ) метавонад, ки бо ҳамсари аввалинаш издивоҷ намояд.

Шӯрои уламо (783)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст