Намоз хондан дар вақти баромадан ё фуру рафтани Офтоб

0

# Савол

Барои чӣ дар баъзе вақтҳо, масалан дар вақти баромадани офтоб ё фурӯ рафтани он намоз хондан мумкин нест?

# Ҷавоб

Вақтҳои намозро соҳиби шариат муайян кардааст, чунонки Худованд мефармояд: Ба дурустӣ ки намоз бар мўъминон фарзи вақти муайянкардашуда аст”. (Сураи “Нисо”, ояти 103)  Инчунин Расули Худо (с) дар баъзе вақтҳо, аз ҷумла дар ду вақти мазкур гузоридани намозро иҷозат надодаанд, зеро дар ин вақтҳо офтобпарастон ба ибодат ва парастиши офтоб машғул мешаванд.

Шӯрои уламо (1904)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст