“Агар номат Фаррух намебуд, ту олим мешудӣ” магар дуруст аст?

0

# Савол

Рӯзи ҷумъа буд, як ҳоҷӣ ё домулло аз роҳ мегузашт ва ба намози ҷумъа мерафт. Аз ман пурсид, ки имрӯз кадом рӯз аст. Гуфтам, ки ҷумъа аст. Дар бораи намози ҷумъа камтар насиҳат кард, сипас номамро пурсид.

Гуфтам: Фаррух. Он шахс гуфт: «Ё наузу биллоҳ, агар ин номат намебуд, ту олим мешудӣ». Ин гуфтаи он шахс чӣ маъно дорад?

# Ҷавоб

Он нафаре, ки аз номи шумо нафрат карда, ин суханро гуфтааст, мақсудашро худаш медонад. Ба ҳар ҳол сухани он шахс асоси илмӣ надорад, зеро номи инсон ба олиму доно шудан ҳеҷ рабте надорад ва монеъи он ҳам нест.

Хусусан номи Фаррух, ки ба маънои муборак ва зебочеҳра аст ва аз нигоҳи шариат комилан дуруст аст. Аз ин сухани он нафар хотири шумо набояд мушавваш гардад.

Шӯрои уламо (846)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст