Таблиғ барои пешрафти сомона
# Савол
Оё дар ҷаннат шаб ва рӯз ҳаст ё на?
# Ҷавоб
Шабу рӯз ба тулуъ ва ғуруби офтоб вобаста аст, аммо дар ҷаннат ин падида вуҷуд надорад. Худованд дар бораи аҳли ҷаннат мефармояд:
“Он ҷо бар тахтҳо такя зада бошанд, он ҷо (гармии) офтоб ва сармои тундро набинанд”. (Сураи “Инсон”, ояти 13)
Муфассирон дар зимни тафсири ин оят фармудаанд, ки ҳавои ҷаннат муътадил буда, аҳли он ба офтобу моҳ ниёзе надоранд, зеро ҷаннат аз нури арш равшан аст.
Шӯрои уламо (1650)