# Савол
Ассалому алайкум устодони гиромиқадр. Терминалҳое, ки тавассути онҳо маблағи телефонҳоямонро пур мекунем, аз 10 сомонӣ ба андозаи 1 сомонӣ мегиранд. Оё ин рибо аст ё на?
# Ҷавоб
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳиссаи муайяне, ки терминал дар ивази пардохти маблағи шумо мегирад, музди хизматрасонии ҳамон терминал аст ва он аз рибо фарқ мекунад, зеро рибо ҳолатҳои махсуси худро дорад.
Ҷавоб аз Шӯрои уламо (1981)