Як мушт хоке, ки вақти ба хок супоридани мурда ҳар нафар мегирад ва ба он чизе мехонад?

0

# Савол

Оё як мушт хоке, ки вақти ба хок супоридани мурда ҳар нафар мегирад ва ба он чизе мехонад, асли шаръӣ дорад ё не? Агар асл дошта бошад, бояд чиро хонем.

# Ҷавоб

Касе, ки дар дафни майит иштирок мекунад, мустаҳаб аст, ки бо ду дасти худ се мушти хок гирифта, дар қабри ӯ бипошад. Дар пошидани якум «Минҳо халақнокум» (аз ин хок шуморо офаридем), дар пошидани дуюм «ва фиҳо нуъидукум» (дубора шуморо ба ин хок бармегардонем) ва дар пошидани сеюм «ва минҳо нухриҷукум торатан ухро» (аз ин хок бори дигар шуморо бармеангезем) бигӯяд. (“Фатовои ҳиндӣ” ҷ.1, с.166).

Дар “Сунан”-и Ибни Моҷа аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) бар ҷанозае намоз гузорид, сипас ба сари қабр омада, болои ӯ аз ҷониби сараш се бор хок андохт. (Шарҳи “Муня”). Дар китоби “Ҷавҳара” гуфтааст: “Дар кафи хоки аввал мегӯяд: «Минҳо халақнокум», дар дуюмаш мегӯяд: «ва фиҳо нуъидукум», дар сеюмаш мегӯяд: «ва минҳо нухриҷукум торатан ухро» (Ҳошияи “Раддул-муҳтор”, ҷ.2, саҳ.256), (Сураи “Тоҳо” ояти 55).

Шӯрои уламо (331)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст