#Савол
Услубхои забони точики кадомхоянд? (Услубхои забони точики кадомхоянд? Грамматикаи забони точики / тоҷикӣ)
#Ҷавоб
Забони адабӣ услубҳои гуногун дорад:
- Услуби бадеӣ, ки онро шоирону нависандагон истифода мебаранд.
- Услуби илмӣ, ки онро олимон барои офаридани асарҳои илмӣ ба кор мебаранд.
- Услуби хабарнигорӣ. Ин услуб дар соҳаи иттилоот (мақола, хабар, очерк, репортаж, мусоҳиба) ва гузоришоти радиову телевизион истифода бурда мешавад.
- Услуби расмиву коргузорӣ. Тамоми ҳуҷҷатҳои расмӣ (номаҳои расмӣ, ариза, зиндагинома, оиннома, низомнома, қарордод, забонхат ва қонунҳо) бо ҳамин услуб таълиф меёбанд.
- Услуби шифоҳӣ, ки дар нутқу гуфтори ҳаррӯзаи мо дида мешавад. Хусусиятҳои чунин тарзи гуфтор кӯтоҳбаёнӣ, рангорангии оҳанги сухан, ихчамбаёнӣ, коҳиши овозҳои нутқ аст.

👍
Услуби илми чи гуна услуб аст каме маълумот диҳед
Салом доир ба услуб хои забон малумод дихед
Панч хел мешавд
Услуги ки о лимон барои навиштани маколахои или истифода мебаранд