# Савол
Лутфан бигӯед, ки пешоби кӯдак либосро бенамоз мекунад ё на? Дар ин ҳолат оё таҳорат кардан лозим аст?
# Ҷавоб
Дар ҳолати расидани пешоби кӯдак ба либос ё бадан он либос ва узви бадан бенамоз мешавад ва шустани он лозим мегардад, лекин таҳорат намешиканад, бинобар ин, таҳорат кардан лозим намегардад.
Шӯрои уламо (2768)
