Ушр чист? Андозаи закоти маҳсулоти замин чӣ қадар аст? #13

0

Суоли шаръӣ – 13. Ушр / ъушр чист? Андозаи закоти махсулоти замин чи кадар аст?


Аз аҳкоми зироат ва кишту кор

Суол:

Салом алайкум ва раҳматуллоҳ!

Бародари гиромӣ, шабатон ба хайр бошад. Мехоҳам як мақола дар бораи “ушри замин” нависед. Зеро мо дар маҳаллае зиндагӣ дорем, ки мардум малина парвариш медиҳанд. Ба нақли онҳо, кадоме аз муллоҳо фатво дода аст, ки сари 20 сатилча якто бояд “ушр” диҳанд. Мардум ин гуфтаи он муллоро қабул кардаанд. Магар “ушри замин” аз даҳ сатили масалан маҳсулоти гуфтаам як сатил нест? Он мулло сабаби аз бист як сатил доданро дар дору ва порӯи зиёд, ки медиҳанд ва харҷи бисёр мешавад, гуфта аст. Хеле мехостам, ки бо овардани далелҳо ба масъалаи мо рӯшанӣ андозед.

Ҷавоб: 

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон!

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

Шаби шумо низ ба хайр бод.

Бародари азиз, мо масъалаҳои асосии ин саволи шуморо дар чанд нуктаи зерин қайд карда, бо кӯмаки илоҳӣ, ба он ҷавоб медиҳем:

  1. Маънои “ушр” чист?
  2. “Ушр” аз нигоҳи шариат чӣ ҳукм дорад?
  3. Андозаи закоти маҳсулоти замин чӣ қадар аст?
  4. Оё додани ушри замин бидуни ҳисоби дақиқ, масалан, бо сатил дуруст аст?

Маънои “ушр” чист?

Вожаи “ушр” арабиасос буда, бо вожаи “ъашаратун” (ба маънои даҳ) ҳамреша ва дар луғат ба маънои “даҳяк” аст. Азбаски аз маҳсулоти замин ба шахсони муҳтоҷ даҳяки он дода мешавад, ин навъ закот чунин ном гирифта аст.

Аммо дар истилоҳи фуқаҳо бошад, калимаи “ушр” ба маънои “Он чи аз маҳсулоти замин ҳамчун закоти он гирифта шавад” омада аст.

[Ниг: Доктор Равоши Қалъаҷӣ; Муъҷаму луғати-л-фуқаҳо; с/282,283]

Имом Абӯюсуф (р) ва Муҳаммад (р) “ушр”-ро “закоти замин” низ номидаанд. Чунки ин имомон бар хилофи устодашон имом Абӯҳанифа (р), дар “ушр” баъзе шартҳои закотро гузоштаанд.

[Ниг: Аллома Ибни Обидини шомӣ; 3/311]

Ҳукми “ушр” дар шариат:

“Ушр” ё ҳамон “закоти маҳсулоти замин” дар шариат фарз ҳисоб мешавад. Ҳукми фарзияти он бо Қуръон, суннат, иҷмоъ ва талаботи ақл собит гашта аст.
Далели фарзияти он аз Қуръон:

Худои Таъоло дар Каломаш мефармояд:

وَآتُوا حَقَّهُ يَوْمَ حَصَادِهِ

“Ва рӯзи даравидани ҳосил ҳаққи Ӯ (Таъоло)-ро бидиҳед”. [Анъом: 141]

Аксари муфассирон гуфтаанд, ки ҳадаф аз ҳаққи мазкур дар ин оят ушр (даҳяк) ё нисфи ушр (нисфи даҳяк)-и маҳсулоти замин аст.

Тафсири ҳақ дар оят ба “ушр” ва “нисфи ушр” аз Ибни Аббос (р), Ҷобир ибни Зайд (р), Муҳаммад ибни Ҳанафийя (р), Ҳасани Басрӣ (р), Саид ибни Мусаййиб (р), Товус (р), Зайд ибни Аслам (р), Қатода (р) ва Заҳҳок (р) ривоят шуда аст.

Далели фарзияти он аз суннат:

Солим ибни Абдуллоҳ (р) аз падараш ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) гуфтанд:

“فيما سقت السماء والعيون أو كان عثريا العشر، وما سقي بالنضح نصف العشر”. (رواه البخاري وغيره)

“Дар он маҳуслоте, ки онро оби осмон ва чашмаҳо об медиҳад ё маҳселоте, ки ба воситаи решаҳояш ё оби селу ҷӯйҳо об мехӯрад, ушр ва дар он маҳсулоте, ки бо роҳи пошидани об обёрӣ мешавад, нисфи ушр аст”. (Ривояти Бухорӣ ва ғайра)

Далели аз иҷмоъ:

Тамоми уммати исломӣ оид ба фарз будани ушри замин иттифоқи назар доранд ва касе дар ин масъала мухолафат накарда аст.

Далел аз рӯи тақозои ақл:

Додани даҳяки ҳосилоти замин ба маънои шукргузорӣ аз неъмати Худо, қодир ва қавӣ гардонидани шахси нотавон дар иҷрои фарзҳо, пок сохтани нафс аз гуноҳон аст. Ҳамаи ин корҳо ҳам аз ҷиҳати тақозои ақл ва ҳам аз ҷиҳати тақозои шариат лозим ва зарур ба ҳисоб меравад.

[Ниг: Абӯбакри Косонӣ; Бадоеъу-с-саноеъ; 2/493 ва Абӯбакри Ҷассос; Аҳком-ул-Қуръон; 3/12]

Миқдори закоти маҳсулоти замин:

Фуқаҳо бо такя ба аҳодис, миқдори закоти ҳосилоти заминро ба ин ду қисм ҷудо кардаанд:

1. Ушр ё ҳамон даҳяки маҳсулот;

Агар маҳсулоти замин ба воситаи оби борон ё оби рӯдхонаҳо ё оби чашмаҳо об дода шаванд, дар ин сурат аз маҷмӯи маҳсулот даҳякаш ба шахсоне, ки дар ояти 60-и сураи “Тавба” омада аст, дода мешавад.

Даҳяк ба ин маъно аст, ки агар ба таври мисол, шумо аз заминатон 100 кг картошка ҳосил гирифтед, бинобар шарти зикрёфта, 10 кг-и онро ҳамчун ҳаққи шахсони ниёзманд ҷудо мекунед.

2. Нисфи ушр ё ҳамон нисфи даҳяки маҳсулот;

Аммо агар маҳсулоти замин ба воситаи далви калон ё чархи обёрӣ ё мошинҳои обкашӣ ва ба мисли ин роҳҳои обёрии ғайри табиӣ об дода шаванд, дар ин сурат аз ҷамъи маҳсулот нисфи ушр ё ба таъбири дигар, нисфи даҳяки он ҳамчун ҳаққи ниёзмандон ҷудо карда мешавад.

Ба таври мисол, агар шумо аз заминатон, ки онро бо роҳҳои мазкур об медиҳед, 100 кг картошка ҳосил гиред, 5 кг-и онро чун закоти замин ҷудо карда ба ниёзмандон медиҳед.

[Ниг: Абӯбакри Косонӣ; Бадоеъу-с-саноеъ; 2/512, Ибни Нуҷайм; Баҳру-р-роиқ; 2/413-415, Бурҳониддини Марғинонӣ; Ҳидоя; 1/494-497 ва дигарон]

Далели фарқ гузоштан байни ин ду ҳолат ҳамон ҳадисе аст, ки қабл аз ин онро зикр карда будем.

“فيما سقت السماء والعيون أو كان عثريا العشر، وما سقي بالنضح نصف العشر”. (رواه البخاري وغيره)

“Дар он маҳуслоте, ки онро оби осмон ва чашмаҳо об медиҳад ё маҳселоте, ки ба воситаи решаҳояш ё оби селу рӯдҳо об мехӯрад, ушр ва дар он маҳсулоте, ки бо роҳи пошидани об обёрӣ мешавад, нисфи ушр аст”. (Ривояти Бухорӣ ва ғайра)

Фуқаҳо сабаби ин фарқгузориро дар китобҳои худ зикр намудаанд. Имом Бурҳониддини Марғинонӣ (р) дар китоби “Ҳидоя”дар мавриди фарқ гузоштан байни ду ҳолати обёрӣ, ки дар ҳолати дуюм нисфи ушр воҷиб мегардад, чунин навишта аст: “Зеро кулфат (машаққат) дар ин ҳолат (ҳолати обёрӣ бо далви калон, чархи обёрӣ ва мисли ин) зиёд ва дар сурати бо оби борон ё рӯдхонаҳо обёрӣ шудан кулфат кам аст.”
[Ниг: Имом Бурҳониддини Марғинонӣ; Ҳидоя; 1/497]

Имом Косонӣ (р) низ дар ин бобат мегӯяд: “Миқдори воҷибгашта (дар закоти маҳсулоти замин) бинобар кам ва зиёд будани кулфати он фарқ мекунад.” [Ниг: Имом Абӯбакри Косонӣ; Бадоеъу-с-саноеъ; 2/512]

Оё тахминӣ ва бидуни ҳисоби дақиқ додани ушр ҷоиз аст?

Ин масъала аз матни саволи матраҳшуда ба вуҷуд омад. Азбаски аз рӯи савол маълум мешавад, ки баъзе нафарон ҳисоби закоти маҳсулоти заминро тахминӣ медиҳанд, лозим донистам ба ин паҳлӯи масъала низ ишораи кӯтоҳ намоям.

Бояд қайд кард, ки олимони соҳаи усули фиқҳ дар баҳси фарз онро бинобар эътиборҳои гуногун тақсимҳои мухталиф мекунанд. Аз ҷумла, фарз ба эътибори таъйини андозаи он аз ҷониби шариат ба ин ду қисм ҷудо мешавад:

1. Фарзи андозааш шаръан муайн;

2. Фарзи андозааш шаръан номуайян.

[Ниг: Ваҳбаи Зуҳайлӣ; Усул-ул-фиқҳи-л-исломӣ; 1/66,67 ва Муҳаммад Абӯзаҳра; с/35,36]

Закоти мол ва закоти ҳосилоти замин ё ҳамон ушраз ҷумлаи фарзи андозааш дар шариат муайян аст. Закоти мол 2,5% ва закоти маҳсулоти замин даҳяк ё нисфи даҳяки он таъйин гардида аст.

Вақте андозаи амали фарзе дар шариат таъйиншуда бошад, шахси мукаллаф ҳаққи тахминан ба ҷо овардани онро надорад. Бояд ӯ андозаи аз ҷониби шариат муайянгаштаро риоя намояд. Чунки ба таври мисол, дар сурати пардохти закоти мол ё закоти маҳсулоти замин тахминӣ адо кардан шояд онро камтар аз ҳаққи воҷибиаш медиҳад ва ҳаққи ашхоси фақир зоеъ мегардад.

Бинобар ин, дар пардохти закоти мол ё закоти ҳосилоти замин кор гирифтан аз тахмин ҷоиз нест.

Албатта метавон бо сатил ё ҳар зарфи дигар, бидуни килои онро муъайян карда ҳисоб карда дод, модом худи маҳусулотро низ бо он сатил ҳисоб карда бошад.

Масалан аз 10 сатил як сатил закот мебарорад.

Аммо вақто 100 кг ҳисоб карда ҳосил мегирад ва як сатил, ки тахмин мезанад 10 кг аст ва онро ба муҳтоҷон медиҳад, шояд камтар аз 10 кг бошад ва ҳаққи фақир дар чунин ҳолат пурра адо намегардад.

Хулосаи посух:

Шумо дар адои закоти маҳсулоти замин, ки оё даҳяк ё нисфи даҳяк медиҳед, ба тарзи обёрии он нигоҳ карда, амал мекунед. Агар он аз роҳи обҳои табиӣ ва бидуни машаққат обёрӣ шавад, даҳяк ва дар акси ҳолат нисфи даҳяки онро ба муҳтоҷон медиҳед.

Назари домуллои гуфтаатон, ки харҷи бисёри имрӯзаи деҳқонҳоро дар бораи зироаткорӣ ба эътибор гирифта, закоти заминро нисфи ушр гуфта аст, дуруст мебошад. Валлоҳу аълам.


Суоли 13, Иброҳими Саиднуриддин, санаи ҷавоб: 25.01.2022.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)