Оё дар намози ҷамоат муқтадӣ низ бояд сураи Фотиҳа бихонад?

0

Суоли шаръӣ – 1.Оё дар намози бо чамоат муктади низ бояд сураи Фотихаро бихонад? Хондани сураи фотиха аз чониби муктади дар намози чамоат.

Маърифати мазҳаби Аҳли Суннат (мазхаби ахли суннат, сунни)

ХОНДАНИ СУРАИ ФОТИҲА АЗ ҶОНИБИ МУҚТАДӢ ДАР НАМОЗИ ҶАМОАТ

Суол:

Оё дар намози бо ҷамоат муқтадӣ низ бояд сураи Фотиҳаро бихонад?

Ҷавоб:

Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳурубон.

Қабл аз пешкаш намудани ҷавоб бамаврид аст қайд намоем, ки ин масъала (хондани сураи Фотиҳа аз ҷониби муқтадӣ дар намози ҷамоат) аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки фақеҳони ислом аз даврони саҳоба ва тобииён дар он ихтилоф (гуногунназарӣ) доранд. Ва гуногунназарии имомони мактабҳои фиқҳӣ низ аз он ба вуҷуд омадааст, ки саҳобагони Паёмбар (с) дар ин масъала гуногунназар буданд.

Ва гуногун будани назарҳо дар фиқҳ (дар он масъалаҳое, ки ба иҷтиҳод бармегардад ва далели қотеонае вуҷуд надошта бошад) чизи маъмулӣ буда, ҳатто аксари масоили фиқҳӣ аз ин қабил масоил аст. Дар чунин масъалаҳо ҳар ҷонибе барои исботи назари худ далели худро дорад ва ба назари ҷониби дигар агарчи онро қабул накунад ҳам, эҳтиром қоил аст.

Дар чунин масъалаҳо, ки ба ҳар ду сурати он амал намудан ҷоиз аст ва ҳар яке аз фақеҳон далели худро дорад, таассуб намудан ва ба дигарон назари худро таҳмил (бор) намудан амали мазмум аст.

Дар мавриди ҷавоби суоли матраҳшуда бошад, бояд гуфт, ки:

Намозе, ки бо ҷамоат хонда мешавад ду навъ аст:

  1. Намозе, ки сураҳо дар он бо садои баланд хонда мешаванд, ки онро дар истилоҳи фиқҳ “намози ҷаҳрия” меноманд ва иборат аст аз намозҳои бомдод, шом, хуфтан, намози ҷумъа, таровеҳ, витри бо ҷамоат дар рамазон.
  2. Ва дуввум, намозе, ки қироати Қуръон дар он бо садои паст анҷом дода мешавад ва онро “намози хуфя” ном мебаранд ва намозҳои хуфя намозҳои пешин ва аср ҳастанд.

СЕ НАЗАРИ ФАҚЕҲОН ДАР ИН МАСЪАЛА

Назари якум:

Гурӯҳе аз фақеҳон, ки аз ҷумлаи онон имом Шофиӣ аст, бар ин назаранд, ки муқтадӣ дар ҳама навъ намозҳо, чи намози ҷаҳрия ва чи хуфя, бояд сураи Фотиҳаро бихонад.
Яке аз далелҳои эшон ҳадиси Паёмбар (с) аст, ки фармудаанд:

لَا صَلَاةَ لِمَن لَمْ يَقْرَأْ بفَاتِحَةِ الكِتَابِ (متفق عليه)

“Намозе нест касеро, ки дар намозаш сураи Фотиҳа нахонад.” (ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Назари дуввум:

Гурӯҳи дуввуми фақеҳон, ки имом Абуҳанифа ва ёронаш (ба истиснои имом Муҳаммад, ки назарашон поёнтар баён хоҳад гашт) бар онанд, ки дар ҳама навъ намозҳо (чи ҷаҳрия аст ва чи хуфя) қироати имом барои муқтадӣ кифоя аст ва муқтадӣ сураи Фотиҳа намехонад.

Далели эшон низ ҳадиси Паёмбар (с) аст, ки фармудаанд:

مَنْ صلَّى خلفَ الإمامِ فإنَّ قراءةَ الإمامِ لَهُ قراءةٌ (رواه ابن ماجة وأحمد)

“Ҳар ки аз пушти имом намоз мегузорад, ҳамоно қироати имом қироати ӯ (ва кофӣ) аст.” (ривояти Ибни Моҷа ва Аҳмад).

Инчунин имом Муслим аз саҳобаи бузургвор Зайд ибни Собит (р) ривоят намудаанд, ки гуфтааст:

لا قراءة مع الإمام في شيء.

“Дар ҳоли бо имом намоз гузоридан дар ҳеҷ намозе (бар муқтадӣ) қироате нест.” (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 577).

Инчунин имом Абубакр ибни Абишайба, имом Таҳовӣ ва имом Абдурраззоқ аз саҳобаи дигар Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят намудаанд, ки гуфта аст:

لا يقرأ خلف الإمام، لا إن جهر ولا إن خافت.

“Аз пушти имом (дар ҳоли иқтидо бар ӯ) муқтадӣ қироат намекунад, чи имом баланд хонад ва чи паст хонад.” (Аттаълиқул мумуҷҷад ало Муваттаи Муҳаммад”-и Лакҳнавӣ, ҷилди 1, саҳ. 411).

Имом Алӣ Қорӣ дар “Фатҳи боби иноя” шарҳи “Мухтасар-ул-виқоя” гуфтааст:

وينصت المؤتم ولا يقرأ سواء كانت الصلاة جهرية أو سرية…

“Муқтадӣ хомӯш мемонад. Чи дар намози ҷаҳрӣ бошад ва чи дар намозӣ сиррӣ, қироат намекунад. (Фатҳи боби иноя, ҷил, 1, саҳ 275)

Дар китоби Шарҳ-ул-виқоя низ омадааст:

ولا يقرأ المؤتم بل يستمع وينصت

“Ва муқтадӣ қироат намекунад, балки гӯш мекунад ва хомӯш мемонад.” (Шарҳ-ул-виқоя, ҷил, 1, саҳ 122).

Назари саввум:

Назари гурӯҳи саввуми фақеҳон, ки имом Молик, (бино бар ривояте) Аҳмади Ҳанбал ва аз имоми мазҳаби ҳанафӣ, имом Муҳаммад ва имом Абуҳафси Кабир (р) аз ҷумлаи ононанд ва ин қавл аз ҳазрати Алӣ ва Умар ва писараш Абдуллоҳ (р) ривоят шудааст, ин аст, ки агар намоз ҷаҳрия бошад, қироати имом барои муқтадӣ кофӣ аст ва муқтадӣ сураи Фотиҳа намехонад, вале агар намоз намози хуфя бошад, муқтадӣ сураи Фотиҳаро мехонад.

Имом Молик ва имом Аҳмад дар чунин сурат хондани сураи Фотиҳаро суннат ва имом Муҳаммад онро мустаҳаб (амали хубу шоиста, ки дар истилоҳи фиқҳ аз суннат як зина поён қарор дорад) медонад.

Яке аз далелҳои ин гурӯҳи фақеҳон ояти муборака аст, ки Худованд (Азза ва Ҷалл) фармудааст:

وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنْصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ﴾ )الأعراف: 204(

“Ва, ҳангоме ки Қуръон хонда шавад, ба он гӯш диҳед ва сукут кунед, то мавриди раҳмати Худованд қарор гиред” (Аъроф, 204).

Далели дигар бар ин гуфта ҳадиси дигарест, ки Паёмбар (с) фармуданд:

إنَّما جُعِلَ الإمامُ ليؤتمَّ بِهِ فإذا كبَّرَ فَكبِّروا وإذا قرأَ فأنصِتوا (رواه مسلم وأبو داود)

“Ҳамоно имом барои ин аст, ки ба ӯ иқтидо карда шавад, пас ҳар гоҳ имом такбир гӯяд, шумо (муқтадиён) такбир гӯед ва чун қироат кунад, гӯш андозед” (ривояти Муслим ва Абудовуд).

Соҳибони ин назар мегӯянд, дар сурате, ки муқтадӣ қироати имомро шунавад, бояд гӯш андозад ва, агар нашунавад, бояд худ сураи Фотиҳа бихонад, зеро амр бар гӯш андохтан дар сурати шунидан омадааст.

Бинобар ин, дар Ҳидояи имом Марғилонӣ омадааст:

ويستحسن قراءة الفاتحة خلف الإمام على سبيل الاحتياط فيما روي عن محمد رحمه الله، ويكره عندهما.

“Хуб аст, то муқтадӣ бар имом аз боби эҳтиёт (дар намози хуфя) сураи Фотиҳа бихонад. Ин гуфта аз имом Муҳаммад (р) ривоят шудааст. Аммо назди Абуҳанифа ва Абуюсуф (р) хондани Фотиҳа (дар ҷамоат, дар ҳолати иқтидо бар имом) макрӯҳ аст.” (Ҳидоя, ҷил, 1, саҳ 256).

Аз боби эҳтиёт гуфтаи фақеҳон ба хотири ҳадисест, ки зикр гардид, ки Паёмбар (с) фармудаанд:

لَا صَلَاةَ لِمَن لَمْ يَقْرَأْ بفَاتِحَةِ الكِتَابِ (متفق عليه)

“Намозе нест касеро, ки дар намозаш сураи Фотиҳа нахонад” (ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Имом Абдулҳайи Лакҳнавӣ дар “Умдат-ур-риоя” гуфт аст:

وروي عن محمد رحمه الله أنه استحسن قراءة الفاتحة في السرية، وروي مثله عن أبي حنيفة رحمه الله. وصرح به في الهداية والمجتبى شرح القدروي وغيرهما، وهذا هو مختار كثير من مشائخنا.

“Аз имом Муҳаммад (р) ривоят шуда аст, ки эшон хондани сураи Фотиҳаро дар намозҳои хуфя амали хуб медонистанд. Мисли ин ривоят аз Абуҳанифа (р) низ омадааст. Ин қавл дар китобҳои “Ҳидоя” ва “Муҷтабо”, “Шарҳи Қудурӣ” ба сароҳат зикр гардидааст ва ин назар назарест, ки зиёде аз машоихамон (фақеҳони аҳноф) онро ихтиёр кардаанд. (“Умдат-ур-риоя ало шарҳ-ил-виқоя” -и Абдулҳай Лакҳнавӣ ҷилди 1, саҳ. 122).

Лозим ба қайд аст, ки дар ин масъала имоми муҳаққиқ Абдулҳай Лакҳнавӣ рисолаи хосе (дар ҳаҷми 270 саҳифа) навиштаанд, ки “Имом-ул-калом фи мо ятааллақу би-л-қироати халаф-ал-имом” ном дорад.

Имом Лакҳнавӣ дар ин китоб ҳама ривоятҳои дар бораи ин масала омадаро ҷамъоварӣ, муқоиса ва баҳогузорӣ карда назари саввумро тарҷеҳ додааст.

Ӯ дар авохири ин рисола чунин мегӯяд:

ولعل الناظر المنصف الغير المتعسف يتيقن بكون أرجح الأقوال الواقعة هو القول بعدم افتراض القراءة على المؤتم مطلقا، واستحباب قراءة الفاتحة أو سنيتها في السرية، وهو الأرجح بنظر الدقة، ،وهذا هو الذي قالت به جماعة من أصحابنا وجماعة من المالكية…

“Умед аст, ки ҳар ки дар рисола назар мекунад, аҳли инсоф ва аз таассуб орӣ бошад ва барояш яқин ҳосил гардад, ки роҷеҳтарин (қавитарин, саҳеҳтарин) назарҳо ин аст, ки қироати сураи Фотиҳа бар муқтадӣ ба таври мутлақ (чи намози ҷаҳрӣ бошад, чи хуфя) фарз нест, балки хондани он дар намозҳои хуфя ё мустаҳаб (он гуна, ки имом Муҳаммад гуфтаанд) ва ё суннат (он гуна, ки назари имом Молик аст) мебошад. Ин ҳамон назарест, ки ҷамоае аз мо (фақеҳони ҳанафӣ) ва ҷамоае аз моликиҳо онро интихоб кардаанд.

(Ниг: “Имом-ул-калом фи мо ятааллақу б-ил-қироати халаф-ал- имом”-и имом Абдулҳайи Лакҳнавӣ, саҳ. 267).


ХУЛОСАИ ҶАВОБ:

Тибқи мазҳаби ҳанафӣ масъалаи қироат намудани сураи Фотиҳа дар намози ҷамоат аз ҷониби муқтадӣ, масъалаест, ки дар он ду назар аст. Имом Абуҳанифа (р) ва имом Абуюсуф (р) бар инанд, ки қироати имом барои муқтадӣ кофӣ аст ва хондани Фотиҳа дар намози ҷамоат аз ҷониби муқтадӣ амали макруҳ (нохуш, нописанд) аст, аммо имом Муҳаммад (р), бо назардошти ин ки дар аҳодис омадааст, ки намоз бидуни сураи Фотиҳа раво намегардад, гуфтаанд, агар намоз хуфя (мисли Пешин ва Аср) бошад, аз боби эҳтиёт хуб аст, то муқтадӣ сураи Фотиҳа бихонад.


САРЧАШМАҲО:

  • Абдулҳайи Лакҳнавӣ. Имом-ул-калом.
  • Абдулҳамид Таҳмоз. – Ал-фиқҳ-ул-ҳанафӣ фи савбиҳ-ил-ҷадид.
  • Аллома Абдулҳайи Лакҳнавӣ. Атаълиқ-ул-мумаҷҷад.
  • Иброҳими Салқинӣ. – Ал-фиқҳ-ул-исломӣ.
  • Имом Бурҳониддини Марғилонӣ. Ҳидоя.-
  • Имом Марғилонӣ. – Мухторот-ун-навозил.
  • Имом Муслими Нишопурӣ. Саҳеҳи Муслим.
  • Мулло Алӣ Қорӣ. Фатҳу боби-л-иноя.
  • Садри шариат, Убайдуллоҳ ибни Масъуд. Шарҳ-ул-виқоя.

Суоли 1, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 16.05.2022


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст