Кимор дар ислом чист? Кадом амалхо кимор хисоб мешаванд?

0

# Савол

Қимор чист? Аз нигоҳи ислом қимор чи ҳукм дорад? Кадом амалҳоро қимор гуфтан мумкин аст

# Ҷавоб

Аллоҳ таъоло мефармояд:

« یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُواْ إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَیْسِرُ وَالأَنصَابُ وَالأَزْلاَمُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشَّیْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّکُمْ تُفْلِحُونَ»(Моида 90)

Эй касоне ки имон овардаед! Шароб ва қимор ва бутҳо ва азлом (навъе аз бахтозмоӣ), палид ва аз амали шайтон аст аз онҳо дурӣ кунед то растагор шавед.

Ҳукми шартбандӣ

Савол: Дар мусобиқае (футбол) бо дӯстон шарт карда будем. Ки бозанда (яъне мағлубшуда) бояд дигаронро (яъне ғолибонро). Даъват кунад (зиёфат кунад) оё ин шарт аз назари динӣ дуруст аст ё на?

Ҷавоб: ҳар навъ мусобиқае ки дар он шартбандӣ шуда бошад, ҳаром мешавад.

Бинобарин агар масалан ду тараф чунин шарт бибанданд ки бозанда (мағлубшуда) бояд маблағе пул бипардозад ё онки барои гӯрӯҳи баранда (ғолибшуда) даъватӣ (зиёфат…) диҳад, ин шарт фосид аст ва худи мусобиқаро ҳам ҳаром мекунад. (қимор аст)

Ҳамчунин агар ҳар ду гурӯҳ пулеро бигузоранд. То гурӯҳи ғолибшуда ҳамаи пулро бардорад. Ин ҳам ҳаром аст ва дар ҳукми қимор хоҳад буд .

Сайти Савол ТҶ

Вале масалан агар ду гурӯҳ дар як мусобиқа ширкат кунанд ки ҳеҷ як аз тарафайн (ду гурӯҳ) пуле надода бошанд. Ва сипас гурӯҳи ғолибшуда ҷоиза барад. (Яъне маблағе ки гурӯҳи ғолибшуда мегирад маблағи гурӯҳи мағлубшуда набошад). Ин ҷоиза ҳалол ва мусобиқа ҳам ҷоиз аст. Дар ин ҳолат, тарафи саввумӣ аз ҷониби худ маблағеро бо унвони ҷоиза дар назар мегирад ва сипас ба гурӯҳи ғолибшуда ҳадя медиҳад. (дар ин сурат ин қимор ҳисобида намешавад)

Мусобиқаҳое (тирандозӣ, асбу шутурсаворӣ) ки шариат иҷоза додааст ки дар он шартбандӣ ҷоиз аст ва гурӯҳи ғолибшуда метавонад аз гурӯҳи мағлубшуда ҷоиза бигирад, ба далели ин:

Паёмбар ﷺ фармуда аст: «لَا سَبَقَ إِلَّا فِی نَصْلٍ أَوْ خُفٍّ أَوْ حَافِرٍ»

«Иҷрои мусобиқот (бо гирифтани маблағе аз гурӯҳҳои ширкаткунанда ва додани он ба гурӯҳи пирӯзшуда) ҷоиз нест магар дар тирандозӣ, шутурсаворӣ ва асбсаворӣ.»

Паёмбар ﷺ тавзеҳ дода ки таъйини подош фақат дар мусобиқа ба ин се чиз ҷоиз аст. Зеро ин умур бо ҷиҳод бо иртибот ҳастанд.


Аз гурӯҳи фейсбукии Саволу ҷавоб тибқи мазҳаби ҳанафӣ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст