# Савол
Эҳсос чист? (фалсафа)
# Ҷавоб
Эҳсос – инъикоси хосияти алоҳидаи объект, ки ҳангоми таъсир расонидани он ба узвҳои ҳисс пайдо мешавад. Кулли иттилооти ибтидоӣ дар бораи олам ба шуури инсон тавассути эҳсос мерасад.
Дуруст аст, ки узвҳои ҳисси инсон на ҳамаи хосиятҳои воқеияти объективиро муайян карда метавонанд. Вале бо истифодаи асбобҳои лозима инсон имкониятҳои табиии хешро васеъ намуда, он чиро ки ӯ бевосита эҳсос карда наметавонад, барои узвҳои ҳисси худ дастрас мегардонад. Аз ин лиҳоз, маҳдудияти имкониятҳои ҳиссиёти мо дар роҳи маърифат кардани олам монеъаи ногузар буда наметавонад.
