Маънои номи Анушервон чист?

0

# Савол

Маънои номи Анӯшервон / Анушервон  / Нушервон чист?

# Ҷавоб

Ин ном дар фарҳангҳо ба ду гуна омадааст: Анӯшервон ва Нӯшервон. Сурати аввал аз ду ҷузъи “анӯша” ва “равон” таркиб шудааст, “анӯша” ба маънои хуррам ва хушҳол, “равон” ба маънои ҷон ва рӯҳ мебошад. Сурати дуюм аз се ҷузъ иборат аст: “нӯ” – нав, “шер” – номи ҳайвони дарранда ва “вон” – монанд, яъне монанди шери ҷавон.

Шӯрои уламо (1105)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст