Талок додан дар вакти масти вокеъ мешавад?

0

# Савол

Мард дар ҳолати мастӣ бо занаш ҷанҷол карда, ба ӯ гуфтааст, ки «ҷавобатро додам, ба хонаи падарат рав», аммо худи мард дар ёд надорад, ки чунин сухан гуфтааст. Моҷарои мазкурро занаш ба ӯ нақл кардааст. Оё дар ин ҳолат никоҳи онҳо бурида мешавад?

# Ҷавоб

Аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ талоқи шахси маст воқеъ мешавад, бинобар ин, дар сурати мазкур як талоқи боин воқеъ шуда, таҷдиди никоҳ бар зану шавҳар лозим аст.

Азбаски масъалаи талоқ тафсилталаб буда, паҳлуҳои гуногун ва печида дорад, аз ин рӯ, беҳтар аст, ки барои гирифтани ҷавоби мушаххас ба Раёсати фатво муроҷиат кунед.

Шӯрои уламо (1896)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст