# Савол
Ситоплазма чист? Бо забони точики / тоҷикӣ
# Ҷавоб
Ҳуҷайраи рустаниҳо ба пуфакҳое монанданд, ки холигиаш бо моддаи зиндаи ҳаётан заруру беранги часпак (ғализ) – ситоплазма пур шудааст. Ситоплазма тамоми хосиятҳои организми зиндаро доро буда, қобили ғизогирӣ, расиш, нафаскашӣ, ҳаракат ва афзоиш мебошад. Ситоплазма оҳиста бомаром ҳаракат мекунад. Вай ҳангоми сахт гарм шудан ё ях бастан вайрон шуда, ҳуҷайрааш нобуд мешавад.
Ботаника синфи 5