#Савол
Сиғаи хабарӣ чист? Сигаи хабари чист? (Грамматикаи забони точики / тоҷикӣ)
#Ҷавоб
Сиғаи хабарӣ ба вуқӯъ омадан ва ё наомадани амалро дар ҳамаи замонҳо ифода мекунад: омад, наомад, меояд, хоҳад омад, омадааст, омада истодааст.
Ба ин сиға шаклҳои замони гузашта (гуфтам, мегуфтам, гуфта будам…), баъзе шаклҳои замони ҳозира (гуфта истодам) ва ояндаи феъл (хоҳам гуфт) мансубанд.
