Шахсе, ки карздор аст, закот гирифта метавонад?

0

# Савол

Шахсе, ки карздор аст, закот гирифта метавонад? Шахсе, ки да Тоҷикистон хона ва замин дорад, лекин дар муҳоҷират  4 сол боз қарздор шудааст. Оё ба ӯ гирифтани закот ҷоиз аст?

Аз Баҳром

# Ҷавоб                        

Бародари азиз, барои чунин шахсе гирифтани закот дуруст аст.

Шӯрои уламо (2686)


Бисмиллоҳ: Агар он хона барои зиндагии фарзандонаш ва аз заруроти зиндаги бошад ва заминке, ки дорад арзишаш камтар аз қарз бошад, дар ин ҳолат закот гирифтан ҷоиз аст, зеро дар гуруҳи қарздорҳо дохил аст. Аммо хонаи қаср дошта бошад ва ё заминаш арзиши зиёд дошта бошад, ки агар заминро фурушад қарзҳояшро метавонад дода, дар ин ҳолат бар у ҷоиз нест аз закот гирифтан. Зеро моли зиёдатияш (яъне заминаш ба ҳадди нисоб) аст.

Ҷавоб аз Саҳифаи таълимӣ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)