Шаҳид кист? Шахид чанд намуд мешавад?

0

# Савол

Шаҳид кист? Шахид чанд намуд мешавад?

Дар кадом ҳолат инсон шаҳид мешавад? Навъҳои шаҳидро мегуфтед. Ба наздикӣ ду нафар дар дарё ғарқ шуданд, якеро дарё бурд, дувум мехост ӯро наҷот диҳад, аммо натавонист ва ҳардуяшон мурданд, оё ин ба гурӯҳи шаҳидон дохил мешавад?

# Ҷавоб

Шаҳид ду қисм мешавад: шаҳиди ҳақиқӣ ва ҳукмӣ.

Шаҳиди ҳақиқӣ шаҳидест, ки мусулмон, тоҳир ва болиғ бошад ва аз рӯи зулм кушта шуда, ба қатлаш мол воҷиб нашудааст, балки қисос лозим гардидааст. Ин хел шаҳид ғусл дода намешавад, балки ба ӯ намози ҷаноза хонда шуда, бо ҳамон либосаш гӯронида мешавад.

Шаҳиди ҳукмӣ, шаҳидест, ки ҷасадаш дар шаҳр ёфта шудааст, вале қотилаш маълум нест ё ки дар ҳолати маҷрӯҳӣ ёфта шуда ва аз манофеи ҳаёт баҳрае бурдааст, ба мисли ин ки хоб рафтааст ва ё доруву дармон карда шудааст.

Шахсе, ки  ғарқ шуда ё дар садама фавтидааст ва ё  таги тарма мондааст ё аз кӯҳ ҷар шудааст, инчунин зане, ки дар ҳолати ҳайз ё нифос ё таваллуд кардани кӯдак ё дар ҳолати ширдиҳии кӯдак ё дар ҳолати ҳамли кӯдак фавтидааст, дар ҳама ин ҳолатҳо инсон шаҳиди ҳукмӣ мешавад, яъне ӯро ғусл  дода, кафан мекунанд ва намози ҷаноза хонда, мегӯронанд. Барои ин гурӯҳ инсонҳо умеди мағфират аст ва инҳо худ соҳиби шафоат ҳастанд.

Шӯрои уламо (576)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст