Ҳукми нигоҳ доштани саг дар хона

0

Суоли шаръӣ – 3. Саг нигоҳ доштан дар хона ҷоиз аст? Ҳукми нигоҳ доштани саг дар хона.


ҲУКМИ НИГОҲ ДОШТАНИ САГ ДАР ХОНА

Суол:

Нигоҳ доштани саг дар хона чи ҳукм дорад, лутфан ин масъаларо тавзеҳ медодед.

Хулосаи ҷавоб:

-Сагҳое, ки барои посбонии замин, ҳавлӣ, анбор, галаҳо ва ё он сагҳое, ки барои шикор нигоҳ дошта мешаванд, доштани он бар асоси заруратҳои боло ҷоиз аст.

– Бидуни ин навъ заруратҳо, барои бозиву ҳавас саг нигоҳ доштан дар хона амали ҳаром ва гуноҳ буда сабаби ҳамарӯза кам шудани аҷру савоб аз амалҳои неки соҳибаш мегардад.

– Сагҳое, ки нигоҳ доштанашон ҷоиз аст, хариду фурӯшаш (бар асоси мазҳаби ҳанафӣ) ҷоиз аст.

– Саге, ки нигоҳ доштанаш ҳаром аст, низ он пуле, ки аз фурӯши он ба даст меояд ҳаром аст.

Ҷавоби муфассал:

Пеш аз инки ба ҷавоби масъала пардозем, ҷо дорад қайд намоем, ки шахси мусалмон бояд ҳама умури зиндагӣ, ҳама кору рафтору одатҳои худро бо гуфтҳои шаръ, бо фармудаҳои Худовнад (ъ) ва Паёмбар (с) мутобиқ намояд.

Инчунин, ҷо дорад қайд гардад, ки муди бидуни зарурат доштани саг ва сагро василаи бозӣ ва тастият қарор додан, аз одатҳои зишти ғайримусалмонон аст, ки муатассифона ба иддаи зиёде аз мусалмонон сироят карда аст.

Дар мавриди ҷавоби масаъала бошад, метавон нигоҳ доштани сагро ба ду навъ тақсим кард.

1- Нигоҳ доштани он барои ниёз ва зарурат, ки барои мо он саг вазифаеро, ҳамчун шикор кардани сайд, посбонӣ кардани рамаҳо, нигаҳдории зироатгоҳҳо ва ё посбонии анборҳову хонаҳо…ва сагҳое, ки барои тафтиши ҷиноятҳо ба кор бурда мешаванд ва барои пайдо намудани ҷинояткорон муфаттишонро мусоидат мекунанд…бо чунин мақсадҳои ҳалол нигоҳ доштани саг аз рӯи зарурат амали ҷоиз аст.

2- Навъи дуввуми нигаҳдории саг ҳамоне, ки чунин заруратҳои номбурда мавҷуд набошад ва шахс ҳамту барои бозиву ҳаваси худ ва ё ба хотири тақлид аз кадом як шахсияти машҳури шарқӣ ё ғарбӣ барои худ саг гирад. Ин навъ доштани саг шаръан ҳаром буда будани он дар хона гуноҳи ҳамарӯза такроршаванда ба ҳисоб меравад.
Дар ин маврид аҳодиси саҳеҳ аз Паёмбар (с) ривоят шуда аст ва фақеҳон ба ин масъала иҳзори назар кардаанд.

Яке аз он аҳодис ҳадисест, ки имом Бухорӣ (ҳадиси, 5481) ва имом Муслим (1574) аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ва инчунин аз Абуҳурайра (р) ривоят кардаанд, ки Паёмбар (с) фармуданд:

قال: سمعت رسول الله -صلى الله عليه وسلم- يقول:
«مَن اقْتَنَى كَلْبًا -إلا كلبَ صَيْدٍ، أو مَاشِيَةٍ- (في لفظ أو زرع) فإنه يَنْقُصُ من أَجْرِهِ كل يوم قِيرَاطَانِ». (في لفظ قيراط)

“Ҳарки саге нигоҳ медорад, ки саги шикорӣ ё барои нигаҳбонии гала ё посбонии замин набошад, ҳаррӯз аз аҷри амалҳои некаш ду қирот кам мегардад. Дар лафзи дигар, ки он низ саҳеҳ аст, як қирот омада аст.”

ҚИРОТ ЧӢ МИҚДОР АСТ

Манзур аз қирот миқдоре аз савоби амалҳояш аст, ки дар баёни ҳаҷми он шореҳони ҳадис якчанд назар доранд. Иддае аз муҳаддисон гуфтаанд, миқдораш баён нашуда аст, ва манзур як ҷузе аз савоби амалҳои ӯст, ки кам мегардад.

ЧАРО ДУ ҚИРОТ

Дар бархе ривоятҳо як қирот омада аст ва дар бархе дигар ду қирот.

– Муҳаддисон гуфтанд, яъне яқ қирот вақто саге, ки нигоҳ дошта мешавад, зиёнаш ба атрофиёну ба мардум камтар бошад ва ду қирот барои доштани саге, ки зиёнаш бештар боша.

– Иддае гуфтанд, як қирот, яъне аз амалҳои неки рузонааш як қирот кам мегардад ва яқ қироти дигар аз савоби амалҳои шабонааш.

– Иддае гуфтанд, як қирот аз савоби амалҳои фарзаш ва як қирот аз совоби амалҳои нафлаш кам мегардад.

– Баъзе аз муҳаддисон чунин шарҳ кардаанд, ки як қирот кам шудани аҷру савобаш агар шахс дар деҳот ва ҷойҳои камодам саг гирад, ва ду қирот дар сурате, ки дар шаҳр бошаду боиси азияти бештари мардум гардад.

ЧАРО САГ НИГОҲ ДОШТАН ЧУНИН МУҶОЗОТ ДОРАД

Инчунин, дар бораи сабаби кам гаштани аҷру савоби шахсе, ки саг нигоҳ медорад уламо ибрози назар карда гуфтанд:

– Ин муҷозот бадин хотир аст, ки саг доштан ноилоҷ сабаби азият ба ҳамсоягону роҳгузарон меградад ва азияти одамон амали ҳаром аст.

– Сабаби дигар ин аст, ки мавҷуд будани саг дар хона сабаб мегардад, ки малоик ба он хона надароянд.

– Сабаби дигар дар ин аст, ки арақи бадан ва оби даҳони саг наҷосату палид аст ва он ба зарфу ашёи хона ва либоси сиҳибаш даҳон мезанад ва соҳибхона он ашёро бо об ҳафт маротиб ва сипас бори ахир бо хок, онгуна, ки чизи саг даҳонзадаро бояд шуст, намешӯяд ва ашёи наҷосату нопок шударо истифода мебарад.

– Пеш аз ҳама сабабҳо сабаби кам шудани аҷри савоби соҳиби саг дар он аст, ки чунин шахс амри шаритаро исён намуда чизеро, ки Худованду Паёмбар (с) нигоҳдории онро дар хона манъ кардаанд, ӯ ба ин амали зишт иқдом карда аст ва ин гуноҳ, ки гуноҳи кабира аст, анҷом дода аст.

– Илова бар ин ҳама пажӯҳишҳои тиббӣ низ исбот карда аст, ки расидан ва ё омехта шудани оби даҳони ин ҳайвон боиси бемориҳои гуногун мегардад.

ҲУКМИ ХАРИДУ ФУРӮШИ САГ

Модом суол дар бораи сагу сагдорӣ аст, ба маврид аст, то баён намоем, ки ҳар он чиз ва ё амале, ки ҳаром бошад, даромади маблағи молӣ низ аз роҳи он ҳаром аст.

Бинобар ин, шахсе (ба ҷуз он ҳолатҳои истисношуда) саге дораду сагашро мефӯрушад, бояд донад, ки он пуле, ки ба даст оварда аст, низ пули ҳаром аст.

Аммо он навъ сагҳое, ки доштанаш рухсат аст, хариду фурӯши он бинобар маҳзаби ҳанафӣ ва иддае аз олимони мазҳаби моликӣ ва иддае аз пайравони мазҳаби ҳанбалӣ иҷоза аст. Фақеҳон Ато ибни Абирабоҳ, Иброҳими Нахаъӣ, Абуюсуф, Муҳммади Шайбонӣ, Саҳнуни моликӣ, худ имом Молик (бинобар ривояте) ба ҳамин назаранд.

Аммо назари имом Шофиъӣ, имом Аҳмад ва (бинобар ривояте) имом Молик ин аст, ки хариду фурӯши ҳама навъ сагҳо ҳаром аст.

Назари фақеҳон Ҳасани Басрӣ, Муҳммад ибни Сирин, Ҳаммод ибни Сулаймон, Авзоъӣ, Абусавр ва дигароне низ чунин аст.

Дар ҳасдисе, ки имом Абудовуд (3482), Насоӣ (4667) ва Аҳмад (2626) ривоят кардаанд, Паёмбар (с) фармуданд:

ثَمَنُ الكَلبِ خَبيثٌ، فإذا جاءَكَ مَن يَطلُبُ ثَمَنَ الكَلبِ فاملَأْ فيه تُرابًا (أبو داود والنسائي)

“Пуле, ки аз фурӯши саг ба даст меояд, палид аст. Ҳар гоҳ шасхе ба назди шумо омада пули сагашро талаб намояд, даҳонашро бо хок пур кунед.”

Албатта манзур ҳақиқати ин амал нест ва набояд ба даҳони касе хок пур кард, балки мақсади ҳадис маломати сахт ва шиддати сарзаниш аст ва инки хариду фуруши саге, ки нигоҳ доштанаш ҳаром аст, басо амали зишт аст.


САРЧАШМАҲО:

  • Имом Бухорӣ. Саҳеҳи Бухорӣ.
  • Имом Муслим. Саҳеҳи Муслим.
  • Абудовуд. Сунани Абудовуд.
  • Насоӣ. Сунани Насоӣ.
  • Бурҳониддини Марғилонӣ.Ҳидоя.
  • Абулаббоси Қуртубӣ. Алмуфҳим.
  • Муҳҳаммад Тақии Усмонӣ. Фалҳулмуҳлим.
  • Нававӣ. Шарҳи Саҳеҳи Муслим.

Суоли 3, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 19.05.2022


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии