«Салли аъло Муҳаммад, Муҳаммадин, Муҳаммадан…» кадомаш дуруст?

0

# Савол

Дар намоз пас аз хондани «Аттаҳийёт» «Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад…» мегӯем. Аммо ин дуоро дар чанд китоб хондам, ҳар гуна навишта шудааст: «салли аъло Муҳаммад, Муҳаммадин, Муҳаммадан…»  Мегуфтед, ки хондани кадоми инҳо дуруст аст? Тарзи дурусти онро пурра менавиштед. Ин навиштаатон дуруд ба Расули акрам (с) ҳисобида мешавад?

# Ҷавоб

Тарзи дурусти навишти дуруди шариф чунин аст:

«Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид».

«Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид».

Равиши суннати дуруд, ки Расули акрам (с) хондани онро дар намоз таълим додаанд, ҳамин аст.

Шӯрои уламо (919)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)