Раъйпурсии панели

0

# Савол

Раъйпурсии панели

# Ҷавоб

Раъйпурсии панелӣ. Дар навбати аввал мафҳуми панел ба худ маънои гуруҳи муайяни одамон ё компанияҳоро дар бар мегирад, ки мунтазам ахборро пешниҳод менамоянд.

Дар ин чо панели истеъмолгарон ва панели фурушандагони фирмаҳои гуногунро чудо кардан лозим аст. Ахбори истеъмолгарон (мисол: хочагиҳои хонаги, яъне оилави), ки дар дафтарҳои махсус хариди ҳаррузаи худро ба нишондоди тамғаи молиаш, нарх, миқдор, борчомаи мол ва ороишоти он, макони хариди молҳо қайд менамоянд, дар пажухишгоҳ ё корхонахои калон чамъ оварда мешавад. Панели фурушандагони гуногун ба соҳаҳо чудо карда мешаванд. Мисол: маҳсулоти тамоку, атриёт ва ғайра.

Бартирии ин намуди раъйпурси дар он аст, ки чавобдиҳандаи хочаги 20-30 дақиқа фикр карда анкета, яъне саволномаро пур мекунад. Хатоги дар чавобҳо қариб вучуд надоранд. Камбудии ин намуди раъйпурси дар он аст, ки вақти бисёрро талаб мекунад, то ин ки варақаҳо ба шахсони чавобгуй рафта расанд ва боз баргарданд. Ин бештар аз 1.0 – 1.5 моҳро дарбар мегирад, ки вақти коркарди ахбор ва қабули қарори онро дуру дароз менамояд.

Ғайр аз усулҳои гузаронидани пурсишномаҳои дар боло қайд кардашуда инчунин раъйпурсии экспертии мутахассисон мавчуд аст, ки моҳияти онро чавобдиҳандагон яъне мутахассисони соҳаи додашуда, миёнравҳо, фурушандагон ва истеҳсолгарони молҳо ва ғайраҳо ташкил медиханд.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст