Тавҳид чанд қисм аст?

0

# Савол

Тавҳид чанд қисм аст? Кисмхои тавхид

# Ҷавоб

Навъҳои тавҳид назди аксари мутакаллимин бар се қисм аст:

1. Ҳасри воҷибул-вуҷуд дар Худованд, яъне вуҷуди Худованд, ибтидо ва интиҳо надорад, вуҷудаш аз нафсашаст, воҷибул-вуҷуд – танҳо Худованд, дигар мавҷудот ҷоизул-вуҷуд аст, яъне вуҷудашон ибтидо ва интиҳо дорад.

2. Ҳасри холиқият дар Худованд – яъне холиқ танҳо зоти Аллоҳ (ҷ) аст, ғайр аз Аллоҳ дигар ҳеҷ холиқе вуҷуд надорад.

3. Ҳасри маъбудият дар Худованд – яъне маъбуди барҳақ, танҳо зоти Аллоҳ аст, ғайр аз ӯ дигар маъбуде вуҷуд надорад, ки сазовори ибодат бошад.

Шӯрои уламо (156)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)