Оё гирифтани шаҳрвандии кишваре ба мисли Русия ё Аврупо ҷоиз аст?

0

Суоли шаръӣ – 6. Оё гирифтани шахрвандии кишваре ба мисли Русия ё Аврупо чоиз аст?


ГИРИФТАНИ ШАҲРВАНДӢ

Суол:

Оё гирифтани шаҳрвандии кишваре ба мисли Русия ё Аврупо ҷоиз аст?

Ҷавоб:

Дар оғоз ба чанд нуктаи асосӣ ишора кардан зарур аст, то паҳлӯҳои гуногуни масъала барои шахси суолкунанда ва ҳар каси истифодабаранда равшан шавад:

1. Масъалаи матраҳшуда аз ҷумлаи масоили “навозил” (навзуҳур) ба ҳисоб рафта, дар сарчашмаҳои қадими фиқҳ айни ин масъала мавҷуд нест;

2. Шароити мавҷуд дар замони фуқаҳои асри гузашта ва имрӯз дар судури фатво оиди ин масъала таъсир гузоштааст;

3. Ҳукми масъалаи фавқуззикр аз шахс то шахс ва аз ҳолат то ҳолати дигар фарқ мекунад.

Гирифтани шаҳрвандӣ-масъалаи навзуҳур

Яке аз хусусиятҳои фиқҳи исломӣ он аст, ки ҳамеша ҳамқадами ҳама гуна тағйирот дар ҷомеа буда, ба ҳар навъ масоили марбут ба ҳаёти инсон ҷавобгӯ аст. Ҳамон гуна ки ба гуфтаи имом Бурҳониддини Марғинонӣ (р), “Ҳаводиси рӯзгор паёпай воқеъшаванда аст”

(Муқаддимаи “Ҳидояи шариф”, 1/47)

Фиқҳи исломӣ низ доимо дар ҳолати такопӯ қарор дошта, дар ҳар давру замон фуқаҳои шоистаи иҷтиҳод ба ҳаводиси ҷадид ҷавоби муносиб медиҳанд.

Дар гузашта ҳам маҳз ҳамин рух додани воқеаҳои ҷадид боис гардид, ки ба таври мисол, дар фиқҳи ҳанафӣ он ҳаводиси навзуҳур дар китобҳои алоҳида ё бахше аз китобҳои фиқҳ зери номи “Фатово ва воқеот” ҷойгир карда шавад. Ба гуфтаи аллома Ибни Обидини шомӣ (р), нахустин китоб (дар мазҳаби ҳанафӣ) дар ин боб асари “Ан-навозил”-и фақеҳ Абӯлайси самарқандӣ (р) аст.

[Ниг: Аллома Ибни Обидини шомӣ; Шарҳу уқуди расми-л-муфтӣ; с/325]

Азбаски аз нимаи аввали қарни бистум дар низоми олам тағйирот ва навовариҳое ба вуҷуд омад, масъалаҳои навзуҳуре падидор шуд, ки фуқаҳои сазовор ба фатво ба он посух гуфтанд.

Масъалаи “гирифтани шаҳрвандии кишвари ғайри исломӣ” ҳам, ки имрӯз мавриди баҳсу баррасии мо қарор дорад, аз ҷумлаи ҳамин гуна масоили навзуҳур аст. Шояд қадимтарин фатвои катбӣ дар ин масъала аз ҷониби шайх Муҳаммад Рашид Ризо (р) содир шуда бошад, ки таърихаш ба солҳои 1924 мелодӣ бармегардад. Зеро шурӯъ аз он солҳо низоми олам тағйир ёфт, кишварҳои исломӣ дар ҳолати заъф қарор гирифт, сокинони он бо сабабҳои мухталиф ба кишварҳои ғайри исломӣ мерафтанд. Пас аз ин рафта-рафта саффи муҳоҷирон ба кишварҳои махсусан ғарбӣ афзоиш меёфт ва фатвои фуқаҳо роҷеъ ба он доғтар мегашт. Воқеияти мавҷуд дар замони онҳо ба судури фатво дар ин мавзӯъ таъсири бевосита расонид, ки поёнтар ба он ишора мекунем.

Таъсири воқият ба фатво дар масъалаи “гирифтани шаҳрвандии кишварҳои ғайри исломӣ”:

Баъзе уламо, ки дар охири қарни нуздаҳ ва аввали асри бист зистаанд, бе зарурат гирифтани шаҳрвандии давлати ғайри исломиро “иртидод аз дин” (хориҷшавӣ аз доираи дин) меҳисобиданд. Абдулҳамид ибни Бодис, Рашид Ризо, Юсуф ибни Аҳмади даҷавӣ, Муҳаммад Шокир, Абдулазими Зарқонӣ, Алӣ Маҳфуз, Таййиб ибни Муҳаммад Уқбо (раҳимаҳумуллоҳ) ба ҳамин гурӯҳ шомил буда, чунин фатво додаанд, ки ҳар ки шаҳрвандии давлати ғарисломиро гирад, аз дин хориҷ мегардад.

[Ниг: Доктор Абдуллоҳ ибни Сулаймон Матрудӣ; Таҷаннусу муслимин биҷинсияти давлатин ғайри исломия; с/49,50]

Зеро он гуна ки ишора намудем, азбаски ин ҷамоаи олимон воқеияти талхи ҷаҳони онрӯзаи Исломро бо чашми сар медиданд, аз ғарази додани шаҳрвандӣ ба мусалмонон ва асарҳову хатарҳои он огоҳӣ доштанд, чунин фатво содир карданд. Доктор Абдуллоҳи Матрудӣ таъсири ин воқеиятро дар фатвои онҳо бо зикри мисоле аз суол ва ҷавоби маҷаллаи “Манор”-и шайх Муҳаммад Рашид Ризо (р) меорад, ки вақте аҳли Тунис ба олимони Азҳари шариф оиди гирифтани шаҳрвандии давлати ғайри исломӣ суол мефиристанд, дар он аз мухолифатҳои шаръии мавҷуд дар шаҳрвандии кишварҳои ғайри исломӣ, мисли қабули қонунҳои вазъӣ ба ҷойи аҳкоми шариат, ҳатто дар масоили никоҳу талоқу мерос, ҷалбшавӣ ба хидмат дар саффи артиш ва ҷангидан ба фоидаи он кишварҳо, агарчи тарафи дигари ҷанг кишварҳои исломӣ ҳам бошанд, хабар медиҳанд. Фуқаҳои он вақт бо назардошти ин нуктаҳо дар суол фатво содир мекунанд ва мегӯянд, ки бо такя ба қайдҳои дар суол воридшуда, гирифтани шаҳрвандии кишварҳои ғайри исломӣ шахсро аз дин хориҷ месозад.

[Ниг: Доктор Абдуллоҳ ибни Сулаймон Матрудӣ; Таҷаннусу муслимин биҷинсияти давлатин ғайри исломия; с/51,52]

Аз суолу ҷавоби ин гурӯҳ фуқаҳо бармеояд, ки гирифтани шаҳрвандӣ дар асри эшон маънои “инкори аҳкоми шаръӣ ва пойбандӣ ба аҳкоми вазъӣ”-ро дошт.

[Ҳамон манбаъ]

Мақсад аз зикри ин нукта, ки воқеият дар фатвои уламо дар масъалаи мавриди баҳси мо таъсир гузошта аст, он аст, ки баъзеи нафарон аз сабаби ноогоҳӣ ё камогоҳиашон аз таъсири воқеият дар фатвои фуқаҳо вақте дар китоб ё рисолае мехонанд, ки масалан ба қавли Муҳаммад Рашид Ризо (р) гирифтани шаҳрвандии кишварҳои ғайри исломӣ куфр ва хориҷшавӣ аз доираи Ислом аст, бе таҳқиқ онро ба дигарон ба сифати “фатво” мегӯянд. Бехабар аз он ки фатво метавонад вобаста ба тағйир ёфтани замон тағйир ёбад. Аллома Ибни Обидини шомӣ (р) зимни шарҳи яке аз масъалаҳо дар китоби “Радд-ул-муҳтор” чунин менависад: “Зеро гоҳо аҳком (баъзе аз аҳкоми шаръӣ) аз рӯи риояи манфиатҳо, бинобар тағйирёбии замон дар бисёр масоил тағйир меёбад.”

[Ниг: Ибни Обидини шомӣ; Радд-ул-муҳтор; 2/601]

Воқеияти имрӯз низ, ки низомҳои диктотурӣ дар кишварҳои исломӣ ё мусалмоннишин бо қабзаҳои оҳанин сокинонашонро аз ҷиҳатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дар ҳолати хафақонӣ нигоҳ медоранд, ҳар кас бо камтарин эътироз зиндонӣ мешавад, озодиҳои динии мардум маҳдуд гашта, шахс наметавонад озодона аҳкоми шаръиро ба ҷо орад, ҳол он ки дар баъзеи кишварҳои ғарбӣ озодиҳои динӣ бештар ба назар мерасад, ин ҳама ба фатвои уламои муосир таъсир мегузорад.

Фарқи шахс аз шахс ва ҳолат аз ҳолат:

Ҳукми гирифтани шаҳрвандии кишварҳои ғайри мусалмонӣ вобаста ба ҳолатҳо, вазъиятҳо ва ғаразҳои ин кор аз ҳам фарқ мекунад. Мо бо такя ба навиштаи уламо, онро ба таври зерин тақсим менамоем:

Ҳолати зарурат

Агар шахс аз рӯи зарурат шаҳрвандии кишвари ғайри мусалмониро гирад, ба иҷмои уламо ҷоиз аст.

[Ниг: Доктор Абдуллоҳ ибни Сулаймон Матрудӣ; Таҷаннусу муслимин биҷинсияти давлати ғайри исломия; с/49,50]

Ҳолати изтирорӣ ё ноилоҷӣ доимо дар аҳкоми шаръӣ истисно дорад. Қоидаи фиқҳии “Заруратҳо мамнӯоти шаръиро мубоҳ мегардонанд” [Аҳмад ибни Муҳаммад Зарқо; Шарҳ-ул-қавоиди-л-фиқҳия; с/185] низ ба ҳамин гуна ҳолатҳои ноилоҷӣ алоқаманд мебошад.

Ҳолати зарурат дар асри имрӯз суратҳои гуногунеро касб намуда аст, ки баъзеи он аз инҳо иборатанд:

  1. Мавриди азияту озор қарор гирифтан дар ватани худ;
  2. Таҳдиди бегуноҳ зиндонӣ гаштан;
  3. Таҳдиди бегуноҳ мусодирашавии моликият;
  4. Эҳтимоли ба қатл расидан ва ғайра.

Агар шахс дар ҳолатҳои мазкур ё якеи он қарор гирад ва ҷуз кишвари ғайри исломӣ ҳеҷ ҷои амне пайдо накунад, дар ин сурат ба қавли фуқаҳо, гирифтани шаҳрвандии кишварҳои ғайри исломӣ раво аст, ба шарте ҳам худ ва ҳам аҳли хонаводаашро аз пойбандӣ ба аҳкоми шариат дур насозад ва аз амалҳои зидди шаръии он кишварҳо парҳез намояд.

Ҳиҷрати саҳобагон ба Ҳабашистон баъд аз он ки аз ҷониби кофирони Қурайш мавриди озор ва шиканҷа қарор гирифтанд, далели ин гуфта аст. Ҳабашистон он вақт сарзамини ғайри мусалмонон буд. Ҳатто баъзеи онҳо пас аз ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадинаи Мунаввара низ дар он ҷо монданд. Абӯмӯсои Ашъарӣ (р) дар вақти ғазваи Хайбар, яъне соли ҳафтуми ҳиҷрӣ ба Мадина баргашт.

Пайдо накардани васоили зарурии маишӣ дар кишвар ва бо мақсади касби рӯзӣ ба кишварҳои ғайри исломӣ рӯй овардан низ шаръан зарурат ба ҳисоб меравад. Зеро касби рӯзӣ ҳам фаризаи илоҳӣ ҳисобида мешавад ва шариат касби рӯзиро ба макони муайяне вобаста насохта аст. Аз ин рӯ, Худои Мутаъол мегӯяд: “Ӯ (Таъоло) Зоте аст, ки заминро барои шумо нарми осонистиқомат сохт. Пас, дар гӯшаю атрофаш роҳ биравед ва аз ризқи Ӯ бихӯред ва барангехта шудан танҳо ба сӯи Ӯ аст.” [Мулк:15]

[Ниг: Муҳаммадтақии Усмонӣ; Буҳусун фӣ қазоян фиқҳия муосира; 2/315]

Ҳолати ғайри зарурат:

Ҳолати ғайри зарурат дар навбати худ ба ду қисм ҷудо мешавад:

  1. Гирифтани шаҳрвандӣ бо ғарази касби моли зиёд ва хушгузаронӣ;
  2. Гирифтани шаҳрвандӣ бо ғарази ифтихор, бартар донистани он аз шаҳрвандии кишвари исломиаш (агар кишвараш исломӣ бошад), монанд гаштан ба сокинони он кишварҳо дар ҳаёти амалӣ;

Гирифтани шаҳрвандии кишварҳои ғайрисломӣ бо ғарази боло мутлақан ҳаром буда, ҳоҷат ба зикри далел надорад.

[Ниг: Муҳаммадтақии Усмонӣ; Буҳусун фӣ қазоё фиқҳия муосира; 2/316,317]

Мақсади нашри даъват:

Агар мақсади шахс аз гирифтани шаҳрвандӣ он бошад, ки бо ин роҳ дар кишвари ғайри исломӣ соҳибҳуқуқ гардида, мардумро ба сӯи Ислом даъват мекунад, дар чунин ҳолат ва бо ин ғараз гирифтани шаҳрвандӣ на танҳо ҷоиз, балки шахс савоб ҳам мегирад. Саҳобагон ва тобеини зиёде бо ин ҳадаф сарзаминҳои ғайри мусалмононро барои худ ватан гирифта, он ҷо истиқомат кардаанд.

[Ҳамон манбаъ] Валлоҳу аълам.

Дар охир ба касоне, ки аз рӯи зарурат шаҳрвандии кишварҳои ғайри мусалмониро мегиранд, тавсия дода мешавад, ки нисбат ба аҳкоми динии худ бепарво набошанд, аҳкоми шаръиро ба андозаи тавон ба ҷо оранд ва хусусан дар тарбияи солими фарзандонашон кӯтоҳӣ накунанд. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки шумори хонаводаҳои мусалмон, ки баъди муҳоҷират ба кишварҳои ғайри мусалмонӣ ахлоқ ва ҳатто эътиқодҳои динии хешро аз даст додаанд, кам нестанд.

Аз Худои Таъоло хоҳони онем, ки барои мо ва ҳама мусалмонон фазои муносиберо фароҳам созад, то битавонем дар он озодона аз аҳкоми дини Ислом пайравӣ ва онро амалӣ кунем.


Суоли 6, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 17.12.2021.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст