Гайбат кардани бародари муъмин аз нигохи Куръон ва суннати Расули акрам (с)

0

#Савол

Ассалому алайкум. Ғайбат кардани бародари мӯъмин аз нигоҳи Қуръон ва суннати Расули акрам (с) чӣ ҳукм дорад? Гайбат кардани бародари муъмин аз нигохи Куръон ва суннати Расули акрам (с) чи хукм дорад?

#Ҷавоб

Ғайбат кардани бародари мусулмон аз нигоҳи шариат гуноҳи кабира ва амали ҳаром аст, зеро Худованд дар Қуръон мефармояд:

“Эй мўъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед. Оё касе аз шумо дўст медорад, ки гўшти бародари мурдаи худро бихўрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст. (Сураи “Ҳуҷурот”, ояти 12)

Инчунин Расули акрам (с) фармудаанд: “Оё медонед, ки ғайбат чист?” Гуфтанд: Аллоҳ ва Расулаш донотар аст. Фармуданд: “Бародаратро бо сухане ёдовар шавӣ, ки бадаш меояд”. (Ривояти Муслим)

Уламо мегӯянд, ки дар ҳар гуноҳе як тавба лозим аст, аммо дар ғайбат ду тавба мебояд, як тавба барои берун омадан аз ҳаққи Худованд ва дигар биҳилӣ хостан аз касе, ки мавриди ғайбат қарор гирифтааст.

Ҷавоб аз Шӯрои уламо (2066)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии