# Савол
Нақшбандия чист? Накшбандия чист?
# Ҷавоб
Нақшбандия яке аз ҷараёнҳои маъруфу сернуфузи тасаввуф мебошад, ки ибтидои асри XIV зуҳӯр карда, асосгузори он Шайх Баҳоуддини Нақшбанд (1318-1389) мебошад.
Нақшбандия (ё «хоҷагон» низ мегӯянд) аз фаъолияти Абӯ Яъқуб Юсуфи Ҳамадонӣ (соли ваф.1140) ибтидо мегирад. Халифи ин марди бузург Абдухолиқи Fиждувонӣ (ваф. 1220) бунёдгузори тариқати хоҷагон –нақшбандия аст. Аз ёздаҳ асли тариқати нақшбандия ҳаштоашро вай эҷод кардааст, ки чунинанд: ҳуш дар дам; назар бар қадам; сафар дар ватан; хилват дар анҷуман; ёдкард; бозгашт; ёддошт ва нигаҳдошт.c
