Хусусиятхои ракобати мукаммал ва номукаммал

0

#Савол

Хусусиятхои ракобати мукаммал ва номукаммал кадомхоянд? Хусусиятҳои рақобати мукаммал ва номукаммал

#Ҷавоб

Хусусиятхои ракобати мукаммал

1) дар бозор харидор ва фурӯшандагони зиёд мавҷуданд ва ягон гурӯҳи ин агентҳои бозор ба ҳолат ва тағйирёбии вазъияти бозорӣ таъсир расонида наметавонад;

2) барои фурӯш молҳо ва хизматҳои якхела пешкаш карда мешаванд;

3) ягон иштирокчии бозор оиди бозор нисбат ба дигар иштирокчӣ маълумоти изофагӣ надорад, бинобар ҳамин ҳамаи фурӯшандагон ва харидорон оиди бозор ахбороти якхела ва пурра доранд;

4) харидорон ва фурӯшандагон озодона ба бозор ворид шуда озодона онро тарк карда метавонанд


Хусусиятхои ракобати номукаммал

1) шумораи фирмаҳо дар бозор то як воҳид кам шуданаш мумкин аст, ва худи фирмаҳо бо худ корхонаҳои хурдро не, балки корхонаҳои калонро инъикос мекунанд;

2) хусусияти маҳсулоти фурӯхта мешуда намудҳои гуногун дошта метавонад;

3) иштирокчиёни бозор барои дастрас кардани ахборот шароитҳои якхела надоранд;

4) дар ҳолати дохилшавӣ ба бозор ва тарк намудани он корхонаҳо монеъаҳои зиёдеро паси сар карданашон зарур аст.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии