Ман ба номи Худо қасам хурдам, ки бо дустам гап намезанам

0

# Савол

Мо мехостем дар боби қасам хӯрдан ба номи Аллоҳро фаҳмем. Ман бо як дӯстамқасам ба номи Аллоҳ хӯрдам, ки дигар бо вай гап намезанам. Оё ягон ривояте ҳаст, ки ман аз нав гап зада, дӯстиямро давом диҳам. Як домуллои маҳалларо дар ҳамин масъала пурсидем, мегӯяд, ки се рӯз рӯза гирифта, тавба кунӣ, боз аз нав метавонӣ дӯстиятро давом диҳӣ. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

Ман ба номи Худо касам хурдам, ки бо дустам гап намезанам. Қасамро шикастан.

# Ҷавоб

Шумо ба номи Аллоҳ қасам хӯрда бошед, ҳонис мешавед, яъне савгандатонро мешиканед ва ба ӯ сухан мегӯед, баъд аз он се рӯз рӯза медоред. Сипас дӯстиятонро давом медиҳед, дигар боке надорад.

Шӯрои уламо (260)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст