Муаммохои точики #1

1

Дуруд ба шумо корбарони сомонаи SavolTJ.com. Акнун дар сомона таҳти барчаспи “Саволу ҷавоби шавқовар” силсила мақолаҳое нашр мешаванд, ки онҳо аз саволу ҷавобҳои гуногуни илмиву мантиқӣ, муаммохои шавковар бо чавобхояшон иборатанд.

Саволу ҷавобҳоро хонед, истифода баред, аз ҳама асос ба дӯстонатон сомонаи моро тавсия диҳед ва ин мақоларо дар шабакаҳои иҷтимоиятон ҳамрасонӣ (поделиться) кунед.


1 # Савол
Ин ашëи “ғароиб” ду ҷондорро аз ҳам ҷудо мекунад. Ва ба ҳар ду ҷондор шароити хуб фароҳам меорад. Ин ашё дар болои яке аз ҷондорҳо меистад. Ҷондори дуюм бошад дар болои ин ашё меистад. Сухан дар бораи кадом ашё меравад?

# Ҷавоб: Зин


2 # Савол
Амири Бухоро ба шоҳи Россия Николай I тӯҳфае медиҳад. Лашкари рус ин тӯҳфаро то Санкт – Петербург пиёда мебаранд. Ва маҷбур мешаванд, пулҳои (купрукҳои) сари роҳро нав кунанд. Амир ба Николай Iчӣ тӯҳфа карда буд?

# Ҷавоб Фил


3 # Савол
Сингапур, Панама, Люксембург, Тунис, Сан – Марино, Ватикан, Гватемала… Ин давлатҳо чӣ монандӣ доранд?

# Ҷавоб Номи давлат ва номи пойтахтҳо як хел


4 # Савол
Дар Бобули Қадим руҳониён ба аҳолии оддӣ хӯрдани ин меваро манъ карда буданд. Зеро, руҳониён фикр мекарданд, ки агар мардум ин меваро истеъмол кунанд доно мешаванд. Ин кадом мева аст?

# Ҷавоб Чормағз


5 # Савол
Кадом намуди нақлиёт на ба пеш, на ба қафо ва на ба ду паҳлӯ ҳаракат мекунад?

# Ҷавоб Лифт


6 # Савол
Дар Бобули Қадим руҳониён ба аҳолии оддӣ хӯрдани ин меваро манъ карда буданд. Зеро, руҳониён фикр мекарданд, ки агар мардум ин меваро истеъмол кунанд доно мешаванд. Ин кадом мева аст?

# Ҷавоб Чормағз

www.SavolTJ.com


7 # Савол
Каратэ аз калимаи японӣ гирифта шуда, ” кара ” – холӣ, ” тэ ” – даст, яъне дасти холӣ мешавад. Шумо ба забони японӣ ” овози холӣ ” гӯед!

# Ҷавоб Караоке


8 # Савол
Монолог: “Як рӯз пеш ба ман вазифа медиҳанд. Вазифаамро дар вақташ иҷро мекунам. Боз маро мекушанд”. Савол: Муаллифи монолог чист?

# Ҷавоб Будилник


9 # Савол
Инсон калимаи арабӣ буда, маънояш Х аст. Х чист?

# Ҷавоб Фаромӯшкунанда


10 # Савол
Сарватмандони аз қабили Ҷэф Безос, Билл Гейтс, Ҷек Ма, Амансио Ортега ва ғайраҳоро мешиносем. Акнун савол: Сарватманде пеш аз вафоташ тамоми меросашро ба хоҳараш васият мекунад. Аммо, хоҳари ӯ даъво дорад, ки ман бародар надорам. Оё ин тавр шуданаш мумкин аст?

# Ҷавоб Сарватманд зан буд


Бознашр аз саҳифаи Заковат (Ҳамдамзода М.)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
1 ҷавоб
Ҷавобҳои куҳна
Ҷавобҳои нав Ҷавобҳои машҳур
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
Ник
Ник
2 моҳ пеш

Ман хечвакт набудам маро хамавакт интизоранд ва маро хеч кас надидааст ва намебинад лекин бар ман амед доран касоне,ки зандаанд… Муфассал »