Масофаи байни пойҳо дар вақти намоз чӣ қадар бошад?

0

# Савол

Дар вақти намоз гузоридан масофаи байни қадамҳо аз якдигар чӣ қадар бояд дур бошад? Шахсеро дидам, ки пойҳояшро аз якдигар ба андозаи ду панҷаи даст дур мемонд, ин то куҷо дуруст аст?

# Ҷавоб

Бародари азиз, мустаҳаб аст, ки фосилаи байни қадамҳо дар намоз ба андозаи чаҳор ангушт бошад. Албатта агар касе тануманд ва фарбеҳ бошад, фосилаи миёни қадамҳояш вобаста ба вазъ ва ҳолаташ метавонад бештар бошад, вале набояд аз меъёри эътидол берун шавад.

Шӯрои уламо (1723)


# Савол

Дар намоз ҳангоми рост истодан фосилаи пойҳо чӣ қадар бошад?

Дар вақти намоз дар ҳолати рост истодан пойҳоро баробари китф мондан мумкин аст? Илтимос тезтар ҷавоб гӯед.

# Ҷавоб

Дар вақти рост истодан мустаҳаб аст, ки фосилаи мобайни пойҳо ба миқдори чор ангушти даст бошад.

(“Фиқҳи муяссар”, с. 91-95). Шӯрои уламо (820)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст