Муаммохои шавковар #3

0

Барчаспи “Саволу ҷавоби шавқовар” аст ва мақолаи навбатӣ бо саволу ҷавобҳои гуногуни илмиву мантиқӣ, муаммохои точики, чистонхои шавковар, муаммоҳо бо чавобхояшон иборатаст.

Саволу ҷавобҳоро хонед, муаммохои шавковарро бо чавобхояш мутолиа намоед, аз ҳама асос ба дӯстонатон сомонаи моро тавсия диҳед ва ин мақоларо дар шабакаҳои иҷтимоиятон ҳамрасонӣ (поделиться) кунед.


1 # Савол

Дар ҷаҳон танҳо парчами ду давлат дар шакли квадрат мебошанд. Ҳар ду давлатро Шумо ёбед!

# Ҷавоб Ватикан ва Швейтсария


2 # Савол

Ҷумҳурии қадимтарини дунё, ки ҳоло низ мавҷуд аст, кадом аст

# Ҷавоб Сан-Марино (Соли 301)


3 # Савол

Расулуллоҳ дар ҳамаи ҷангҳо танҳо як инсонро бо дасти худ куштаанд. Ӯ кист?

# Ҷавоб Убай ибн Халаф


4 # Савол

Вақте, ки Алберт Эйнштейн ба Донишгоҳи Принстони ИМА меояд, ба ӯ утоқи (кабинети) алоҳида медиҳанд. Вақте, ки ходимон ҷиҳозҳои заруриро ба кабинет ҷобаҷо мекунанд, Эйнштейн ба онҳо мегӯяд, ки барои ман Х-ро низ биёред.

Ходимон аз Эйнштейн мепурсанд:

“Х ба Шумо чӣ зарур аст”?

Эйнштейн чунин ҷавоб медиҳад: ”   “Ман бисёр хато мекунам”.

Х чист?

# Ҷавоб: Қутии партов (ахлот)


5 # Савол

Кадом ҳайвон пазмони хонааш намешавад?

# Ҷавоб: Сангпушт


6 # Савол

Японҳо чунин мепиндоранд: Аз якумаш болои кӯҳ баромада халосӣ ёфтан мумкин аст. Аз дуюмаш ба дарё даромада наҷот хоҳӣ ёфт. Аммо, аз сеюмаш на кӯҳ ва на дарё ба ту кӯмак медиҳанд. Савол: Сухан дар бораи кадом се офати табиӣ меравад?

# Ҷавоб: Обхезӣ, сӯхтор ва зилзила


7 # Савол

А дар Алифбо яккум аст. 1 дар рақамҳо якум аст. Бабр аз давидан (дар байни ҳайвонҳо) якум аст. Савол: Муш дар чӣ якум аст?

# Ҷавоб: Мучал


8 # Савол

Ба хона меҳмон омад. Дар яхдон Coca- cola ва Pepsi мавҷуд аст. Аввал кадомашро мекушоем?

# Ҷавоб: Дари яхдонро


9 # Савол

Номи одам, шаҳр, кӯл ва шаршара

# Ҷавоб: Виктория


10 # Савол

Блитс. Мавзуъ: Хешовандон.

  1. Ду ҳарфи алифборо истифода бурда синоними падарро ёбед
  2. Кадом калимаро чаппа хонем ҳам тағйир намеёбад
  3. Доираи нуре, ки дар гирди Моҳ пайдо мешавад чӣ ном дорад

# Ҷавоб: 1- Аб, 2 – Амма 3 – Хола


Бознашр аз саҳифаи Заковат (Ҳамдамзода М.)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст