Фарзҳо ва суннатҳои ғусл (фарз ва суннати гусл кардан)

0

Суоли шаръӣ – 5. Фарзҳо ва суннатҳои ғусл (фарзхо ва суннати гусл кардан).

ғусл, нияти гусл

ФАРЗҲО ВА СУННАТҲОИ ҒУСЛ

Суол / Дархост:

Дар бораи фарзҳо ва суннатҳои ғусл равшанӣ меандохтед. Қаблан сипос.

Ҷавоб:

Дини мубин дини пок буда пайравонашро ба покии зоҳиру ботин фаро хонда аст.

Назофату покии бадан, хона, либос ва ҳар он чизе ки ба мо инсонҳо тааллуқ дорад аз одобу суннатҳои шариати ислом аст.

Баъзан ҳолтаҳо шустани бадан ва ё ҷой на танҳо суннат ва хуб, балки фарзи ҳатмӣ мегардад.

Аз ҷумла ҳолатҳое, ки шахси мусалмон ҳатман бояд бадани худро пурра шустушӯ намояд, ҳолати ҷанобат (ҷанобат ҳолати баъди эҳтилом ва ё пас аз хуфтухоб бо ҳамсарро меноманд) аст.

Дар ин ҳолат шахси мусалмонро фарз аст, ки ғусл гирад.

МАЪНОИ ҒУСЛ:

Ғусл дар луғат ба маънои “расонидани об бар чизе” ва дар истилоҳи шаръ бошад, ба маънои “расонидани об бар тамоми аъзои бадан” аст.

Худованд (Азза ва Ҷалл) ғуслро барои пок шудан аз ҷанобат фарз гардонидааст, чи гунае, ки мефармояд:

وَإِنْ كُنْتُمْ جُنُبًا فَاطَّهَّرُوا

«…Ва агар дар ҳолати ҷанобат бошед, пас ғусл кунед…». (Моида: 6).

Аз Паёмбари Худо (с) низ дар мавриди ғусл ҳадисҳои зиёде ривоят шудааст, ки баёнгари аҳамият ғусл мебошад, чунончи Эшон (с) фармудаанд:

حَقٌّ علَى كُلِّ مُسْلِمٍ، أنْ يَغْتَسِلَ في كُلِّ سَبْعَةِ أيَّامٍ يَوْمًا يَغْسِلُ فيه رَأْسَهُ وجَسَدَهُ.

«Барои ҳар як мусалмон зарур аст, то ҳафтае як бор (ҳадди ақал) ғусл карда сару баданашро бишӯяд». (Ривояти Бухорӣ, ҳадиси 897, Муслим 849).

ФАРЗҲОИ ҒУСЛ:

Дар ғусл се чиз фарз аст:

1. Шустани даҳон;

2. Шустани бинӣ;

3. Шустани тамоми аъзои бадан;

Лозим ба қайд аст, ки дар ғусл танҳо шустани аъзоҳои берунии ҷасад фарз аст, на аъзоҳои дарунӣ монандӣ ҳалқ (фаротар аз гулӯ) даруни чашм.

Ҳар он чизе, ки ҳангоми ғусл гирифтан монеи расидани об ба бадан мегардад, тоза ва бартараф кардани он чиз ҳатмӣ аст, монанди ранг (лак)-е, ки бар нохунҳо карда мешаванд, пораи хамире, ки баъди хамир кардан дар зери нохунҳо боқӣ мемонад ва ғайра.

Инчунин шустани риш, абру ва муйлаб, агар ғафс бошанд, ҳатмӣ ва зарурист.

СУННАТҲОИ ҒУСЛ:

1. «Бисмиллоҳ» гуфтан дар оғози ғусл;

2. Ният кардан;

3. Шустани дастон то банди даст;

4. Дур сохтани наҷосат аз бадан. Агар дар бадан боқӣ монда бошад;

5. Шустани андом (авратгоҳ);

6. Ҳамчун таҳорати намоз таҳорат кардан;

7. Пойҳоро дар охир шустан. Агар ғуслгиранда дар ҷое бошад, ки зери пояш об ҷамъ мешавад;

8. Се бор расонидани об ба тамоми аъзои бадан:

9. Ҳангом рехтани об аз сар шурӯъ кардан;

10. Сипас, аз китфи рост;

11. Сипас, аз китфи чап;

12. Пас аз рехтани оби аввал бар бадан баданро молиш додан, то дар ду бори дигар об ба тамоми ҷасад дуруст бирасад.

Абдуллоҳ ибни Аббос (р) аз модарамон Маймуна (р) ҳадисеро ривоят кардаанд, ки тарзи ғусл гирифтани Паёмбар (с)-ро баён мекунад.

Эшон (р) фармуданд:

تَوَضَّأَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وُضُوءهُ لِلصَّلاَةِ، غَيْرَ رِجْلَيْهِ، وَغَسَلَ فَرْجَهُ وَمَا أَصَابَهُ مِنَ الأَذَى ، ثُمَّ أَفَاضَ عَلَيْهِ المَاءَ ، ثُمَّ نَحَّى رِجْلَيْهِ ، فَغَسَلَهُمَا، هَذِهِ غُسْلُهُ مِنَ الجَنَابَةِ .

«Паёмбари Худо (с) чун таҳорати намоз, ба ҷуз инки пойҳои худро бишӯянд, таҳорат гирифтанд. Баъд аз он андоми худро шуста, наҷосати ба баданашон расидаро пок намуданд ва обро аз сари муборакашон рехтанд. Баъд аз он аз ҷои хеш каме дур шуда, пойҳои худро шустанд.

Аз ҷанобат ғусл гирифтани Паёмабр (с) ҳамингуна буд.”

(Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 249)


САРЧАШМАҲО:

  • Имом Бухорӣ. Саҳеҳи Бухорӣ.
  • Бурҳониддини Марғинонӣ. Ҳидоя.
  • Ваҳбат Зуҳайлӣ. Фиқҳ-ул-ҳанафи-юл- муяссар.
  • Шурунбулолӣ. Мароқ-ил-фалоҳ.

Суоли 5, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 21.05.2022


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст