Муаммохо бо чавобхо #2

0

Барчаспи “Саволу ҷавоби шавқовар” аст ва силсила мақолаҳое нашр мешаванд, ки онҳо аз саволу ҷавобҳои гуногуни илмиву мантиқӣ, муаммохои точики, чистонхои шавковар, муаммоҳо бо чавобхояшон иборатанд.

Саволу ҷавобҳоро хонед, истифода баред, аз ҳама асос ба дӯстонатон сомонаи моро тавсия диҳед ва ин мақоларо дар шабакаҳои иҷтимоиятон ҳамрасонӣ (поделиться) кунед.


1 # Муаммо

Амир Темур чунин гуфтааст: “Дар вақти ҷанг аз 100 лашкар дида 1 Х беҳтар аст. Х чист?

# Ҷавоб Табиб


2 # Савол

Ин ду маҳсулот ранги сурх доранд, маънои ҳардуяш ҳам себ мешавад, ҳатто номҳои ин ду маҳсулот ба ҳам монандӣ доранд. Сухан дар бораи кадом ду маҳсулот меравад?

# Ҷавоб Помидор ва помада (лабсурхкунак)


3 # Савол

Кадом асари Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба 50 забони дунё тарҷума шудааст?

# Ҷавоб Синдбоднома


4 # Савол

95%-и занҳои мисрӣ Х – ро ба сифати пардози рӯй (ба ҷои крем) истифода мебаранд. Х номи як ҷанг низ ҳаст. Х чист?

# Ҷавоб Лой


5 # Савол

“Дарвозаи бемориҳо ” куҷост?

# Ҷавоб Даҳон


6 # Савол

Калимаи мазкур аз 5 ҳарф иборат аст. Агар ба ин калима 3 ҳарфи дигар замм (илова) кунем дароз не, балки кӯтоҳтар мешавад. Ин кадом калима аст?

# Ҷавоб Кӯтоҳ


7 # Савол

Императорзани машҳуртарини дунё кӣ буд?

# Ҷавоб Клеопатра


8 # Савол

Франсузҳо чунин мегӯянд: “Якумаш айби худро бо айвони зебо, дуюмаш айби худро бо соуси хуштаъм, сеюмаш айби худро бо хок мепӯшонад.
Якумаш – меъмор аст.
Дуюмаш –  ошпаз аст.
Сеюмаш кист?

# Ҷавоб Духтур (ҷарроҳ, врач)


9 # Савол

Саволи ҳаҷвӣ: Ягона тюрмае (маҳбусхонае), ки ҳамаи маҳбусонаш бегуноҳанд, кадомаст?

# Ҷавоб Зоопарк


10 # Савол

Аз ҷиҳати каллорианокӣ 3 меваи пешқадам зеринҳоянд:
Ҷои 3 – Банан
Ҷои 2 – Манго
Ҷои 1 – Шумо ёбед!

# Ҷавоб Авокадо


Бознашр аз саҳифаи Заковат (Ҳамдамзода М.)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст