#Савол
Муайянкунанда чист? (грамматикаи забони точики / тоҷикӣ)
#Ҷавоб
Муайянкунанда аъзои пайрави ҷумла буда, предметро аз ягон ҷиҳат муайян мекунад ва ба саволҳои чӣ хел?, кадом?, чанд?, чандум?, кӣ?, чӣ? ҷавоб мешавад.
Муайянкунанда ба муайяншаванда бо бандаки изофӣ (гули сурх, нони гарм) ва баъзан бе он алоқаманд мегардад: беҳтарин талаба, ин хона, калонтарин шаҳр, дуюмин кӯча.
