# Савол
Молекула чист?
# Ҷавоб
Моддаҳо сохтори зарра-зарраӣ доранд, яъне аз зарраҳои алоҳида таркиб ёфтаанд. Зарраҳоеро, ки моддаҳо аз онҳо таркиб меёбанд, молекула меноманд. Молекулаҳо хурдтарин зарраҳоеанд аз ин ё он модда, ки ҳама хосиятҳои кимиёии он моддаро дар худ таҷассум мекунанд.
Молекулаҳоро низ зарра номидан то дараҷае шартист, зеро инҳо ҳам, чунонки гуфтем, “дарун доранд”, мураккабанд – онҳо аз атомҳо ном зарраҳои хурдтар таркиб ёфтаанд. Ҳар як молекула аз як, ду, се ё зиёда атоми якхела ё гуногун таркиб меёбад. Атомҳо андаруни молекулаҳо бо якдигар ба василаи робитаҳои кимиёӣ алоқаманданд. Маҷмӯъи атомҳои як навъи муайянро унсури кимиёӣ мегӯянд.