# Савол
Ҷадидия чист? Ҷадидон (фалсафа) Чадидия чист? Чадидон
# Ҷавоб
Ҷадидия вожаи арабӣ буда, маънои нав ё тозаро далолат мекунад. Он ҷараёнест, ки паҳлӯҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро бештар фаро гирифта, даҳсолаҳои охири асри XIX дар қазон ба вуҷуд омада, сипас дар охири асри XIX дар Осиёи Миёна роиҷ гардида, арзишҳои зиддифеодалӣ ва зиддимустамликавӣ касб намудааст. Умурронии муносибатҳои феодалӣ, заъфу фалаҷ будани аморати Бухоро, муфлисиву нодории мардум, бемаърифатии аксарияти аҳолӣ ва зимни ин мавҷуд набудани тафаккури сиёсию маҳрумият аз ҳуқуқу имтиёзҳои инсонӣ таваҷҷӯҳи истиқлолхоҳону озодандешони аморати Бухоро ба сӯи наҳзати ҷадид кашид.
