#Савол
Микроиқтисод аз чанд бахши асосӣ иборат аст ва кадомҳоянд? Бахшхои асосии микроиктисод?
Аз: Комрон
#Ҷавоб
Микроиқтисод ҷараёни қабули қарорҳои иқтисодиро аз тарафи субъектони алоҳидаи хоҷагидорӣ – фирмаҳо, истеъмолкунандагон ва ғ. меомӯзад.
Ба сифати Бахшҳои асосии микроиқтисод ҷавоби аниқ наёфтем, шояд субъектонро дар назар дошта бошед:
Ба Субъектҳои асосии микроиқтисод истеъмолкунандагон, истеҳсолкунандагон, ташкилотҳои тиҷоратӣ (бизнес) ва хоҷагии хонавода дохил мешаванд.
Маълумоти бештар оиди Микроиқтисод <<
Агар шумо ҷавоби дақиқи саволро медонед дар коммент нависед.