​Усулҳои муайянкунии хатогиҳо кадомхоянд?

0

#Савол

​Усулхои муайянкунии хатогихо кадомхоянд? Дар иктисодиёт

#Ҷавоб

1.Бо воситаи дутарафанависӣ.

2.Ба воситаи муқоисаи навиштаҷотҳо бо ҳуҷҷатҳо.

3.Ба воситаи муқоисаи маълумотҳо счётҳои аналитики бо маълумотҳои счётҳои синтетикӣ.


Намудҳои ислоҳ намудани хатогиҳо

  1. Корректурӣ.
  2. Бо ранги сурх.
  3. Иловаги навиштан.

Ислоҳоти корректурӣ

Ислоҳоти коректури ҳамон маврид истифода бурда мешавад, ки алоқамандии счётҳо дуруст, аммо маблағ дар як тарафи счёт дуруст навишта ва дар тарафи дигари счёт хатто (кам ё зиёд) навишта шуда бошад.


Ислоҳот бо ранги сурх

1.Ислоҳот бо ранги сурх ҳамон вақт истифода бурда мешавад, ки маблағҳо якхела дар ҳарду тарафи счётҳо дуруст навишта шудааст, аммо алоқамандии счётҳо ҳатто бошанд, ё ин ки:

2.Ислоҳот бо ранги сурх ҳамон вақт истифода бурда мешавад, ки алоқамандии счётҳо дуруст, аммо маблағҳо дар ҳарду тарафи счётҳо як хела зиёд навишта шуда бошанд.


Ислоҳоти навиштани иловагӣ

Ислоҳоти навиштани иловаги дар ҳамон вақт истифода бурда мешавад, ки маблағҳои амалиётҳо дар ҳарду тарафи счётҳо кам нисбат ба ҳақиқии ҳуҷҷат навишта шуда бошад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст