# Савол
Манзараи илмии олам чист? (фалсафа)
# Ҷавоб
Манзараи илмии олам – ин манзараи васеи донишҳо дар бораи табиат ва ҷамъият, ки назарияҳо, фарзияҳо ва фактҳои муҳимро дар бар гирифта, тақозои ҷавҳари ҷаҳонбинӣ буданро дорад. Он аз низоми хулосаҳои илмии афзалиятноктар таркиб ёфта, ҳамчун марҳилаи ҷамъбасту ҳамгирошавии комёбиҳои илмӣ дар низоми ягонаи беихтилоф ҳувайдо мешавад.
