# Савол
Ҳангоми дар дохили намоз хондани ояте, ки дар он саҷдаи тиловат аст, саҷдаи тилвоат адо крада мешавад ва чӣ гуна?
Сачдаи тиловат дар дохили намоз чи хел карда мешавад?
# Ҷавоб
Агар ояти саҷда дар охири сура ва ё қариб ба охири сура бошад, ҳангоми ба рукуъ рафтан дар дил нияти саҷдаи тиловат мекунад, пас ҳамон рукуъи намоз ҷои саҷдаи тиловатро низ мегирад. Агар ояти саҷда дар миёнаи сура бошад, пас баъди қироати он такбир гуфта, як саҷдаи бе рукуъ мекунад ва такбиргӯён бархоста, қироатро идома медиҳад. Агар дар намоз саҷдаи тиловатро хонда, саҷда накард, онро берун аз намоз қазо намедорад. (“Фиқҳи муяссар”, с. 160-164).
Шӯрои уламо (166)
