#Савол
Мактаби физиократҳо кадом аст ва намояндагонаш кихоянд? Мактаби физиократ дар иктисодиёт
#Ҷавоб
Мактабе, ки боигарии ҷамъиятро дар соҳаи кишоварзӣ мебинад мактаби физиократҳо мебошад, ки марҳилаи дигари инкишофи илми назарияи иқтисодӣ ба шумор меравад. Истилоҳи физиократ аз ду калимаҳои юнонии «phisis» ва «kratos» ташкил ёфта, маънояш ҳукмронии табиат мебошад.
Савол: Намояндаи мактаби физиократҳо кист ва кадом ақидаро пешниҳод кардааст?
Ҷавоб: Намояндаи асосӣ ва асосгузори ин мактаб Франсуа Кенэ (1694-1774) ба ҳисоб меравад Ф. Кенэ ақидаи намояндагони меркантилизмро оиди он ки мубодила сарватро ба вуҷуд меорад, инкор кард. Ӯ сарчашмаи боигариро на танҳо меҳнат дар соҳаи заминдорӣ, балки афзоиши маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба истеъмол дар соҳаи кишоварзӣ эълон намуд.